АКСИЯИ ҲИЗБӢ ЗЕРИ УНВОНИ "ОБОДКОРИ МАРОМИ МОСТ"

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси Нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ  ҳар рӯзи панҷшанбе тамоми кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Дӯстӣ, аъзои фаъоли ҲХДТ ба таври оммавӣ Аксияи ҳизбиро зери унвони "ҲХДТ - ҳизби созанда ва бунёдкор" бахшида ба 30 -солагии ҲХДТ ҳамчун рӯзи ободониву созандагӣ" дар сатҳи баланд баргузор менамоянд.           
08.05.2024 дар ташкилоти ибтидои ҳизбии  Ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл, ки роҳбарии онро Маҳмадалиев Баҳром ба ӯҳда дорад  тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  ноҳияи Дӯстӣ,  аз ҷониби аъзоёни ҳизб барои ободу зебо гардонидани  гирду атрофи деҳаҳои Ҷамоат  Аксияи ҳизбии "Ободкори мароми мост" яъне тоза намудани гирду атрофи деҳаҳо аз партовҳо  баргузор гардид.
Аъзоёни ташкилоти ибтидоии мазкур дар ҳамбастагӣ бо кормандон бо меҳнати ҳалол дар корҳои дастаҷамона саҳми худро гузошта истодаанд  Ин иқдом аз ҷониби Ташкилоти ибтидои мазкур дар оянда низ идома хоҳад ёфт.