ТАЪСИРИ СОЗМОНҲОИ ТЕРРОРИСТИВУ ЭКСТРЕМИСТӢ БА ҚИШРҲОИ ГУНОГУНИ ҶОМЕА

Ҳамадонӣ: Андеша  

Яке аз масъалаҳои ниҳоят ташвишовар дар ҷаҳони имрӯза ин терроризм ва ифротгароӣ ба шумор меравад. Тамоми давлатҳои дунё кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки роҳи мувофиқу муайяни мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуби ҷомеаро пайдо намуда, зидди ин вабои аср муборизаро пурзӯр намоянд. Ин ҷараёни хатарафзо метавонад ба нобудшавии баъзе халқияту миллатҳо ва давлатҳо оварда расонад.Аз таҳдиди ин вабои аср тамоми қишрҳои ҷомеа худро дарканор гирифта наметавонанд. Айни замон ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳоли гузариши бархурди тамаддунҳо қарор дошта, гурӯҳҳои иғвогару тундгаро қишрҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандиро, ки аз лиҳози фаҳму дарки маърифати сиёсӣ дар шакли догмаи идеологӣ қарор доранд, тавассути ба кор бурдани иллюзияи сиёсӣ ва дигаргун сохтани фазои холигии шуур таъсири манфӣ расонида, ба худ ҷалб менамоянд. Дар охири асри XXдар баробари тараққиёти техникӣ терорризм доман паҳн карда, ба муаммои сарбастаи глобалӣ табдил ёфт.Терроризм ва ифротгароӣ ҳамчун вабои асрба амнияти сайёра ба ҳар як сокини ҷаҳон таҳдид намуда, барои оламиён хатари на камтар аз силоҳи ядроиро падид овардааст. Рӯз то рӯз терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони навинро ба ташвиш овардааст.

Терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои асрба амнияти сайёра ва ҳар як сокини ҷаҳон таҳдид намуда, барои оламиён хатари на камтар аз силоҳи ядроиро падид овардааст. Рӯз то рӯз терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони навинро ба ташвиш оварда истодааст. Терроризм ва экстремизм имрӯзҳо хусусияти байналмилалиро ба худ гирифтааст, ки абарқудратҳо ба воситаи он манфиатҳои миллию давлатиашонро ҳимоя мекунанд.

Гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ асосан тавассути интернет мардуми ноогоҳу нофаҳмро ба худ ҷалб намуда, барои расидан ба мақсадҳои ниҳоияшон, онҳоро ба манфиати худ истифода мебаранд. Албатта имрӯз интернет ба маънавиёти мо низ таъсири манфии худро гузошта истодааст. Косташавии ахлоқи ҷавононро аз филму наворҳои хориҷие, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ тамошо мекунанд, мушоҳида кардан мумкин аст. Бегонапарастиву тақлид ба либосу фарҳанги бегона ҳам имрӯзҳо тавассути интернет сурат мегирад. Интернетро мо имрӯз таҳмилгари рақами як дар ҷаҳони муосир гӯем, хатто намекунем. Зеро имрӯз ҳама иттилоот тавассути он ба омма пешниҳод мегардад.Бале имрӯз ҷавононро бештар ба воситаи интернет мағзшӯӣ карда, ба ҳар гуна гурӯҳҳои террористӣ ҷалб месозанд. Солҳои охир ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ ҷалб шудани ҷавонони мо маҳз тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ сурат гирифтааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, онҳое, ки дар давлатҳои Ироқу Сурия ба гурӯҳҳои ифротӣ ҳамроҳ шуданд, 80% -ашон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ мағзшӯӣ шуда, шомили ҳар гуна ҳаракату гурӯҳҳо гардидаанд.

Ташкилотҳои террористӣ аз шабакаҳои иҷтимоӣ-интернетӣ кор гирифта то ба андозае аз инсони оддӣ “робот” тайёр мекунанд, ки новобаста аз тағйирёбии вазъият фикри худро иваз нанамояд. Ҳолатҳое ба қайд гирифта шудаанд, ки террорист-худкӯш тасодуфан аз марг эмин мондааст, аммо аз мақсаду роҳи интихобкардааш барнамегардад. Қаблан чунин меҳисобиданд, ки террорист асосан аз ҳисоби шахсони камбағал ва бешуғл омода мегардад, аммо таҳлилҳо ин ақидаро инкор намудаанд. Аз ин ба хулосае омадан мумкин аст, ки ташкилотҳои террористӣ роҳу усулҳои гуногунро баҳри гумроҳ сохтан ва даст ба амалҳои харобиовар задани инсон ба кор мебаранд. Боиси таассуф аст, ки шумораи қурбониёни амалҳои террористӣ аз ҳисоби кӯдакону занон ташвишовар боқӣ мемонад. Ба таъкиди Пешвои миллат: “Дар давраи ҷанги Сурия 12 ҳазор нафар кӯдак ба ҳалокат расидаанд. Дар маҷмӯъ, дар ҷанги Сурия то имрӯз 460 ҳазор нафар кушта шудааст. Танҳо дар қаламрави Афғонистон бар асари ҷангу амалҳои террористӣ то имрӯз 200 ҳазор аҳолии осоишта зарар дида, тақрибан 20 ҳазор нафар қурбон шудаанд. 33%-и қурбониён ва 47%-и маҷруҳонро занону кӯдакон ташкил додаанд”. Саволе ба миён меояд, ки онҳо чӣ гуноҳ доштанд?

Абарқудратҳо баҳри муайян намудани нақш ва мавқеи геополитикии худ, ниҳонӣ ба гурӯҳҳои тундрав маблағгузорӣ менамоянд. Баъзан сиёсати духелаи онҳо ба тезутунд гаштани террорҳои нав дар кишварҳое, ки дар гирдоби бузурги буҳрони сиёсӣ дучор гаштаанд, ба амал меояд.

Дар замони муосир кишварҳои Осиёи Миёна мавриди таваҷҷуҳи манфиатҳои геополитикии давлатҳои алоҳида қарор гирифтаанд, ки бархурди манфиатҳои онҳо дар манотиқи Шарқи Наздик ва Осиёи Миёна рӯз ба рӯз хавфу хатари навро эҷод менамояд. Инкишоф ёфтани фаъолияти чандин ҳаракатҳои террористиву тундгаро, аз қабили созмонҳои ба ном “Давлати исломӣ”, “Ал-Қоида”, “Толибон”, “Ҳизб-ут-таҳрир”, “Ҳизби исломии Туркистон”, “ДОИШ”ва монанди инҳо моро водор месозад, ки атрофи масъалаи мазкур диққати махсус ва аввалиндараҷаро равона созем.

Омӯзиш дар ин самт нишон медиҳад, ки агар равиши таблиғу ташвиқот дар ин масъала такмил ёфта, моҳияту хатари ифротгароӣ ва гурӯҳҳои ифротӣ ба мардум ба таври боз ҳам мушаххастару соддатар фаҳмонида шаванд, ин кӯшишҳои давлат ва ҷомеа натиҷаи зиёдтар хоҳанд дод. Яъне, худи сода намудани баён ва ба таври возеҳ бозкушоӣ кардани моҳияту хатари ин гурӯҳҳо барои мардум яке аз вазифаҳои бисёр муҳим дар мубориза бо ифротгароии динӣ ва терроризм мебошад. Дар ин бора Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд: “Ҳар як шаҳрванд бояд як масъалаи ниҳоят муҳимро амиқ дарк намояд: Вазъи имрӯзаи ҷаҳон танҳо ба халқу миллатҳое имкони вуҷуд доштану рушд карданро медиҳад, ки онҳо дар баробари донишманд будан ва аз назари технологӣ пешрафта ва созандаву эҷодкор буданашон, инчунин бояд сарҷамъу муттаҳид бошанд, ҳадафҳои стратегии давлат, ҳастии миллати худро дар ҳама ҳолат ҳифз карда тавонанд ва бозичаи дасти доираҳои ғаразноки сиёсӣ нашаванд”.

Гарчанде амалҳои террористӣ дар ҳар гӯшаи олам бо роҳу воситаҳои гуногун содир мешаванд, ҳамоно мавзеъҳои серодам мавриди ҳамла қарор дода мешаванд, зеро ҳадафу мақсади онҳо ба тарс ва воҳима андохтани мардум аст. Ташкилотҳои террористиву экстремистӣ ҷавонони ноогоҳро ба боварии худ дароварда, онҳоро бовар мекунонанд, ки гӯё шахси ба амали террористӣ дастзада биҳиштӣ аст ва пас аз марг дар байни ҷомеа обурӯву нуфузи ӯ абадӣ боқӣ мемонад. Ҳатто бо овардани баъзе далелу мисолҳои бардурӯғ суханҳои пучи худро исбот карданӣ мешаванд.

Шахсе, ки маълумоти кофии диниву дунявӣ вамашғулияти муайян надорад, аз зудбоварӣ ба ваъдаҳои бардурӯғи гурӯҳҳои тундрав бовар намуда, гумроҳ мешавад. Аммо таҳлилҳои муҳаққиқони соҳа нишон медиҳанд, ки шахсони гумроҳшуда ба бозичаи дасти зархаридони хориҷӣ ва баъзеи доираҳои манфиатҷӯй табдил ёфта, оқибати шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав пушаймонист ва бештар бо марг меанҷомад.

Ба ҳамин хотир моро зарур аст, ки баҳри ҳимояи манфиатҳои миллӣ ҳамеша кӯшиш намуда, манфиатҳои шахсиро дар зинаи охир гузорем ва ҳамеша ҳифозатгари Ватани азизу маҳбубамон бошем. Мо дар якҷоягӣ метавонем бар зидди ҳамагуна зуҳуроти номатлуб мубориза барем. Пас даст ба дасти ҳам додаву сар аз як гиребон бароварда кӯшиш намоем, ки баҳри муҳофизати ин марзу буми аҷдодӣ ҷони худро дареғ надошта, содиқонаю софдилона хизмати арзандае намоем.

Хулоса, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро мебояд баҳри ҳифзи Ватан аз ин хатарҳои муосир камари сидқу садоқат бандад ва баҳри пойдории ваҳдати сартосариву амнияти миллӣ содиқона ба Ватан хизмат намояд. Хусусан ҷавонони кишварро мебояд, зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ нашаванд.

Вайсиддин ПИРЗОДА, аъзои фаъоли ҲХДТ