Кадом китоби донишманди тоҷик зиёда аз 600 сол китоби асосии астрономони дунё буд?

Ҳамадонӣ: Андеша  

Ҳамин ҳоло як суханронии устод Абдуллоҳи Раҳнамо-ро дар бораи илми тоҷик тамошо кардам, ки онҷо сухан сари китобҳои машҳури тоҷикон, ки дар тамаддуни ҷаҳонӣ калидӣ будаанд, меравад. Аз ҷумла дар бораи "Ал-Қонун"-и Ибни Сино ва садҳо сол китоби дарсии тиб будани он. Як китоби дигаре низ ҳаст, ки мутаассифона ҷомеаи мо аз он хабар надорад, вале дар тӯли зиёда аз 600 сол китоби рӯимизии астрономони дунё будааст. Ин китоб «Китобу-л-ҳаракати-с-самовия ва ҷа­вомеъи-н-нуҷум» («Китоби ҳаракати ҷирмҳои осмонӣ ва маҷмӯи ситораҳо») ном дошта, ба қалами Аҳмади Фарғонӣ (дар Ғарб бо номи Ал-Фраганус машҳур аст) мутааллиқ аст. Аҳмади Фарғонӣ китоби мазкурро дар солҳои 833-857 навиштааст ва нусхаҳои дастхатти он дар китобхонаҳои Санкт-Петербург, Москва, Амстердам, Лейден, Қоҳира, Оксфард ва ғ. маҳфуз аст. Ин китоб аз 30 фасл иборат буда, фасли аввали он ба гоҳшуморӣ (хронология) бахшида шудааст. Дар ин фасл дар бораи тақвимҳои шамсиву қамарӣ маълумот дода шудааст. Фаслҳои 2–5-и ин китоб ба усулҳои асосии астрономия бахшида шуда, дар бораи ҳаракати осмон ҳамчун кура, курашаклии Замин ва мавқеи он дар коинот, ҳаракати сайёраҳо дар пасманзари бурҷҳои дувоздаҳгона маълумот дода шудааст. Фаслҳои 6-9 ҷуғрофияро дар бар мегирад ва дар онҳо доир ба андозаҳои Замин, тақсимоти иқлимҳо ва мавқеи шаҳру минтақаҳои зиёде маълумот дода шудааст. Фаслҳои 10–19 низ ба масоили гуногуни астрономӣ бахшида шудаанд. Фаслҳои 20–22 дар бораи ситораҳо ва масофа то сайёраҳо аст. Дар умум фаслҳои зиёди ин асар бо асари “Алмаҷистӣ”-и Батламиюс мутобиқат мекунад, вале ба таври мӯҷаз ва ҷолиб навишта шудани он боиси машҳур ва писандида гардидани ин китоб гаштааст. Осори астрономии Насируддини Тӯсӣ, Қутбдиддини Шерозӣ, Қозизодаи Румӣ ва Алии Қӯшчӣ дар пайравии аз осор ва усули нигориши Фарғонӣ навишта шудаанд. Ин асар ҳанӯз дар асри 12 ба забони лотинӣ тарҷума шуда буд ва то замони ба нашр расидани китоби астрономи олмонӣ Региомонтан китоби асосии астрономони олам ба ҳисоб мерафт. 

Аз ин китоби Аҳмади Фарғонӣ шахсиятҳое чун Данте Алигйери ва Христофор Колумб истифода кардаанд. Ва зимнан нодуруст дарк кардани китоби Фарҳонӣ боиси кашфи қитъаи Амрико аз атарфи Колумб гардид, зеро дар китоби Фарғонӣ андозаҳои Замин бо мили арабӣ омада буданду Колумб онҳоро чун мили румӣ қабул карда буд. 

 

Агар дар бораи зиндагӣ ва фаъолияти ин донишманд маълумот гирифтан хоҳед, ин филми мустанадро бинед: https://youtu.be/7oH1V7llMho

 

Дар аксҳо тарҷумаи китоби Фарғонӣ ба забонҳои аврупоӣ.