САБҚАТ  БАҲРИ  БА  ДАСТ ОВАРДАНИ ҶОМИ ҲХДТ МИЁНИ ТИМҲОИ ҶАМОТИ ДЕҲОТИ БАЛҶУВОН ВА ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН

Балҷувон:  

Дар чорабинӣ зикр гардид, ки варзиш гарави саломатӣ буда, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳа тадбирҳои судманд амалӣ шуда, ҳамасола даҳҳо иншооти варзишӣ ба истифода дода мешавад. 

Тазаккур дода шуд, ки аз ҷониби Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустам Эмомалӣ ба рушди футбол диққати махсус зоҳир карда мешавад. Чанде пеш ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббуси Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустам Эмомалиро дар бораи 25 май эълон кардани Рӯзи ҷаҳонии футбол якдилона пазируфт, ки боиси ифтихор аст.