Қарорҳо

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ МАРКАЗИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН

аз 30.11.2022, №1

Дар натиҷаи Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, ки санаи 30 ноябри соли 2022 таҳти раёсати Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид, маҷмӯи дастуру супоришҳо баррасӣ шуда, қарори зерин қабул карда шуд.

Татбиқ ва таъмини иҷрои саривақтии қарори мазкур аз ҷониби кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ тақозо карда мешавад.

 

 


ИҚТИБОС АЗ ПРОТОКОЛИ

Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон

аз 20.04.2022, №1

Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон вазифадор чунин карда мешаванд:

  1. Иҷрои бандҳои Нақшаи корӣ-2022 пурра таъмин карда шавад. Ҳамчунин иштироки фаъоли кормандони масъули ҳизбӣ ва аъзои гурӯҳҳои вакилони ҳизбӣ дар чорабиниҳо таъмин карда шавад;
  2. Тибқи Нақшаи чорабиниҳо дар доираи таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо ҷалби аъзои фаъоли ҳизб чораҳои саривақтӣ амалӣ гардонида шаванд;
  3. Шаҳру ноҳияҳо ва ё кумитаҳои иҷроияи камфаъол барои ба зинаҳо боло баромадан дар рейтинги ҳизбӣ талош варзида, дар амалисозии саривақтии нишондиҳандаҳои Нақшаи корӣ-2022, аз ҷумла ташаббусҳои ҳизбӣ фаъол бошанд;
  4. Ҳамаи кормандони масъули ҳизбӣ ва ташкилотҳои ибтидоӣ тибқи Нақшаи корӣ-2022 барои ҷонибдорон шароит фароҳам оварда, шахсони сазоворро ба сафи ҳизб қабул намоянд. Дар ин росто Роҳнамо оид ба таҳкими ҳайати сифатии аъзои ҲХДТ ба роҳбарӣ гирифта шуда, сафи аъзои ҳизб аз ҳисоби аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ/фермерӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва ҷавонони донишҷӯ зиёд карда шавад;
  5. Дар асоси Роҳнамо барои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ фаъолият ҷоннок карда шуда, ҳуҷҷатгузории ташкилотҳои ибтидоӣ ба танзим дароварда шуда, ба раисони ташкилотҳои ибтидоӣ мунтазам тарзу услуби муқаррар кардан ва ҷамъоварии ҳаққи узвият омӯзонида шавад;
  6. Роҳбарияти кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо ба таъмини иҷрои буҷет масъулияти шахсӣ доранд, зимнан дурнамои иҷрои буҷетро сари вақт таъмин намоянд. Зимнан, барои саври вақт пардохт гардидани ҳаққи узвият аз ҳисоби ташкилотҳои ибтидоӣ комиссияҳои тафтишотиро сафарбар карда шавад.
  7. Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо Кӯлоб, Н.Хусрав, Данғара ва Ховалинг вобаста ба таъсиси хоҷагии ёрирасон чораҳои фаврӣ амалӣ намоянд.
  8. Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои Ҷ.Балхӣ, Вахш, Балҷувон, Левакант, Қубодиён, Панҷ ва Ҷайҳун истифодабарии мақсадноки заминҳоро тариқи коридани саривақтии зироат таъмин намоянд.
  9. Ҳар як корманди ҳизбӣ бо компютер ва дигар таҷҳизоти техникӣ тъмин карда шавад;
  10. Ҷиҳати татбиқи аксияҳои/ташаббусҳои ҳизбӣ фаъолиятро ҷоннок намуда, бо ҷалби ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, аз ҷумла дар маҳаллаву деҳот ба сохтмони биноҳои марказҳои ҷамъиятии қабул ва фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ якҷо бо утоқи кории раиси кумитаи маҳалла ва азнавсозии иншооти гигиенӣ бо усули дренажӣ ҷиддан ба роҳ монда шавад;
  11. Барои сафарбар кардани ихтиёриёни ҳизбӣ ба хизмати ҳарбӣ фаъолият дар доираи Роҳнамо барои ҷалби сарбози ихтиёрӣ қатъиян ба роҳ монда, бо татбиқи 13 қадами муқарраршуда чораҳои дахлдор андешида шаванд;
  12. Ҷиҳати фаъолияти пурсамари волонтёрон шароитҳои зарурии техникӣ фароҳам оварда шуда, истифодаи қувваи волонтёрӣ бо реҷаи ҳамарӯза ба роҳ монда шавад;
  13. Шуъбаҳои тарғиботии кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ фаъолиятро дар самти интишори маводҳо боз ҳам тақвият бахшида, бо ҷалби ташкилотҳои ибтидоӣ ва аъзои фаъоли ҳизб фазои маҷозиро ҳамарӯза бо иттилооти муфиду роҳнамо таъмин намоянд;
  14. Минбаъд рейтинги интишори маводҳо танҳо дар асоси маводҳои як рӯз қабл ҷойдодашуда дар сомонаи расмӣ ба амал бароварда мешавад;
  15. Дар самти танзими оила, анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳо ва дастгирии иҷтимоии ниёзмандон фаъолият боз ҳам тақвият бахшида шавад;
  16. Вобаста ба таъмини нафақаи ҳизбӣ, кумак ба эҳтиёҷмандон, таблиғи саҳифаи иҷтимоии (фейсбукии) «Кумак ба маъюбон» - https://www.facebook.com/kumakhkhdt ва дастгирии ҳуқуқию иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ фаъолият ба таври васеъ ба роҳ монда шавад;
  17. Иштироки ҳатмии кормандон дар курсҳои омӯзишии Маркази тренингӣ таъмин карда шавад; ба ин масъала раисони кумитаҳои масъулияти шахсӣ доранд;
  18. Минбаъд тамоми фаъолият ва ахбори чорабиниҳои ҳаррӯза дар сомонаи расмӣ ҷой карда шуда, сипас дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла фейсбук интишор карда шаванд;
  19. Дар ҳамкорӣ бо сохторҳои кор бо ҷавонон ва варзиш ва Федератсияи футбол дар байни маҳаллаву деҳот футболи хурд ташкил карда шавад;
  20. Дар ҳамоҳангӣ бо шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати амалӣ намудани Нақшаи амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳо таълимии ҳудуди вилояти Хатлон чораҳои саривақтӣ андешида навад;
  21. Маъракаи ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилотҳои ҳизбии вилоят дар моҳҳои июн-август тариқи зерин гузаронида шавад:
  • Маъракаи ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилотҳои ҳизбии вилоят моҳҳои июн-июл;  
  • Конференсияҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ дар кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳои вилоят- моҳи июл;
  • Конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии ҳизбӣ дар вилоят–моҳи август.
  1. Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят вазифадор карда шаванд, ки маҷлисҳо ва конференсияҳои ҳисоботӣ-интихоботиро дар асоси ҷадвали тасдиқгардида бо ҷалби аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, вилоятӣ ва шаҳру ноҳияҳо, фаъолон ва собиқадорони ҳизб дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ баргузор намоянд.

 

 

Раиси Маҷлис: 

Миралиён Қ. А.

 


ИҚТИБОС АЗ ПРОТОКОЛИ

Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон

аз 22.01.2022, №1

  1. Гузориши раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти  Хатлон - «Натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар соли 2021 ва нақшаҳо барои соли 2022» ба инобат гирифта шавад;

  2. Гузориши Ализода А.- раиси Шўрои собиқадорони ҲХДТ дар вилояти Хатлон вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инобат гирифта шавад;

  3. Нақшаи чорабиниҳо вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (дар замима). Раисони Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо ва раисону котибони (шахсони масъули) ташкилотҳои ибтидоӣ дар асоси нақшаи чорабиниҳои мазкур фаъолиятро ба роҳ монанд;

  4. Аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва гурўҳҳои вакилии ҲХДТ дар маҷлисҳои вакилони халқи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо вобаста ба тарғиб ва амалисозии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷалби мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ мусоидат намоянд;

  5. Вализода Абдуқодир, Давлатзода Зарина, Шарбатулло Азизулло, Аминзода Фотеҳ, Раҳматзода Рустам, Саидзода Нурмуҳммад, Ҷалилзода Шералӣ, Ғафорзода Давлатҷон, Ҳалилзода Сафар бинобар сабаби ба кори дигар гузаштанашон ва ё аз ҳудуди вилояти Хатлон берун иқомат доштанашон аз ҳайати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон бароварда шаванд;

  6. Ҳасанзода Шералӣ, Файзиддинзода Бунафша, Шарифзода Ҷамшед, Назирӣ Зариф, Сафарзода Бахтиёр, Мирзоев Сайдалӣ, Сайдмуминзода Аббос, Асадуллозода Ватан ба ҳайати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дохил карда шаванд;

  7. Давлатзода Зарина бинобар сабаби аз ҳудуди вилояти Хатлон берун иқомат доштанаш аз ҳайати Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон бароварда шавад;

  8. Файзиддинзода Бунафша, Мирзоев Сайдалӣ ба ҳайати Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дохил карда шаванд;  

  9. Баромадҳои Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Латифзода Асрор Қурбон ва Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон ба инобат гирифта шаванд;

  10. Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят вазифадор карда шаванд, ки ҷиҳати дастури амал қарор додани эроду дастурҳо чораҳои заруриро амалӣ намоянд;

Ба Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ташкилотҳои ибтидоӣ дастур дода мешавад, ки:

  1.  Самти фаъолиятро такмил (тағйир) дода, ҳайати аъзои ҳизбро ҳарчи бештар аз ҳисоби коргарони беруниидоравӣ (аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва хурд, савдогарони бозорҳо ва ғайра) ҷалб намуда, корро дар ин самт тақвият бахшанд;

  2. Ҷиҳати боз ҳам фаъол гардонида саривақтии нақшаи гузошташуда (оид ба аъзокунӣ ба сафи ҳизб), аз ҷумла бо фарогирии шуғлмандони (коргарони) беруниидоравӣ корро ҷоннок намоянд;

  3. Утоқҳои кории ташкилотҳои ибтидоиро ташкил намуда, ҳуҷҷатгузории дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ба танзим дароварда шавад; 

  4. Дар асоси «Роҳнамо барои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ» фаъолиятро ҷоннок намуда, раисони ташкилотҳо аз ҳисоби шахсони ҷавон ва босалоҳият интихоб намоянд;  

  5. Дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор фаъолияти идеологӣ дар самти танзими оила, анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳо ва дастгирии иҷтимоии ниёзмандон тақвият бахшанд;

  6. Барои ташаккули гурӯҳҳои волонтёрӣ, соҳа ба соҳа, ҳавасмандгардонӣ ва таъмини фаъолияти пурсамари волонтёрон шароитҳои зарурӣ фароҳам оранд;

  7. Барои дастгирии иҷтимоии қишрҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ, тариқи ҷалб ва сафарбар намудани кумакҳои хайрхоҳонаи шахсони саховатпеша фаъолнокӣ нишон диҳанд;

  8. Дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, маъмурияти бозорҳо, раисони кумитаҳои маҳаллаву деҳот ва дигар масъулон ҷиҳати фарогирии доираи васеи шаҳрвандон бо нашрияҳои даврӣ ҳаматарафа муосидат намоянд;

  9. Ҷиҳати татбиқи аксияҳои ҳизбӣ фаъолиятро ҷоннок намуда, бо ҷалби ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, аз ҷумла дар маҳаллаву деҳот ба сохтмони биноҳои марказҳои ҷамъиятии қабул ва фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ якҷо бо утоқи кории раиси кумитаи маҳалла ва азнавсозии иншооти гигиенӣ бо усули дренажӣ  чораҳои зарарӣ андешанд;

  10. Бо назардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва бо мақсади саноатикунонии босуръати кишвар, рушди соҳибкориву сармоягузорӣ ва ба ин васила ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ ҷиҳати эълон гардидани солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» бо ҷалби соҳибкорони ватанӣ чораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд;

  11. Корҳои таблиғотию ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳиро байни сокинон ба хусус миёни ҷавонони сини даъватӣ дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурзур намоянд;

  12. Ҷиҳати пешгирӣ намудани шаҳрвандон аз гурӯҳҳои ифротӣ, иғвоангез ва гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаркатҳои мамнуъ ҳамкориро бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷоннок намуда, тадбирҳои зарурӣ андешанд;

  13. Корҳои таблиғотиро ҷиҳати  пешгирии шаҳрвандон аз COVID-19 бемории сироятии коронавирус ба роҳ монанд;

  14. Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Левакант, Н.Хусрав, Хуросон, Норак, Дӯстӣ ва Шаҳритус вазифадор мегарданд, ки ҷиҳати андешидани чораҳои таъхирнопазирро ҷиҳати зиёд намудани чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ оид ба ҷинояткорӣ ва ҷудошавии оилаҳои ҷавон корро ҷиддӣ ба роҳ монанд;

  15. Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои камфаъолро зарур мегардад, ки барои ба зинаҳо боло баромадан дар рейтинги ҳизбӣ талош варзида, дар амалисозии саривақтии нишондиҳандаҳои Нақшаи корӣ-2022, аз ҷумла ташаббусҳои ҳизбӣ фаъолнокӣ нишон дода татбирҳо зарурӣ андешанд;

  16. Раисони кумитаҳои иҷроия дар шаҳру ноҳияҳо вазифадор мегарданд, ки барои зиёд кардани сафи аъзои ҳизби аз ҳисоби хоҷагиҳои деҳқонӣ робитаро бо ташкилотҳои ибтидоӣ мустаҳкам намоянд;

  17. Назорати  иҷрои   қарори    мазкур   ба   зиммаи  муовини   раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва сарпарастони ҳизбӣ гузошта шавад.

 

Раиси Маҷлис:                                                       

Миралиён Қ. А.