ВАРЗИШ ОМИЛИ САЛОМАТИ ВА ТАРБИЯТГАРИ НАСЛИ СОЛИМИ ҶОМЕА

Балҷувон:  

Вазъи саломатӣ аз бисёр омилҳо вобаста аст, ки аз байни онҳо тарзи солими зиндагӣ дорои аҳамияти муҳим мебошад. Дар 50-52 фоиз саломатӣ аз тарзи ҳаёт муайян мегардад ва фақат 10-15 фоиз аз ҳифзи саломатӣ вобаста аст.              
Ба ҷузъиёти асосии тарзи ҳаёт инҳо дохил мешаванд: хӯрок, маишат, ташкили таълими меҳнат ва истироҳат, муносибат ба одатҳои зараровар.

Яке аз қисмҳои муҳимтарин ва ҷудонашавандаи тарзи ҳаёти солим, махсусан дар давраи мактабӣ машғулиятҳои пайвастаи тарбияи ҷисмонӣ ва обу тоби бадан ба ҳисоб меравад. Аҳамияти он на танҳо аз таъсири бевосита ба ҷисми машқкунандагон иборат аст, балки дар тарбияи саломатӣ, барои ташаккули қобилияти мустақилонаи машғулияти машқҳои ҷисмонӣ, истифодабарии онҳо ба мақсади тафреҳ, истироҳат ва худтакмилдиҳӣ низ пураҳамият мебошад.
Бо дарназардошти фикрҳои мазкур тарбияи ҷисмонӣ дар ташаккули одатҳои тарзи ҳаёти солим дар байни ҷавонону наврасон аҳамияти махсусан муҳимро касб менамояд.

Таърихи варзиш дар Тоҷикистони Шӯравӣ аз апрели соли 1925 бо таъсиси клуби ҳарбии варзишӣ дар назди Гарнизони ҳарбии Душанбе оғоз ёфтааст.Аввалин майдони варзишӣ дар Тоҷикистон варзишгоҳи “Спартак” аст, ки соли 1930 сохта шуд ва баъдан соли 1939 варзишгоҳи ”Динамо” бунёд ёфт. Соли 1946 қисми ғарбии варзишгоҳи ба номи Фрунзе барои 5-ҳазор тамошобин бунёд гардид ва соли 1962 варзишгоҳ пурра сохта ба истифода дода шуд, ки 21 ҳазору 400 ҷойи нишаст дошт. Федератсияи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Тоҷикистон соли 1962 таъсис ёфт.
Таъсиси ташкилоту созмонҳои варзишӣ дар кишвари мо дар замони шӯравӣ оғоз ёфта бошад ҳам, маънои онро надорад, ки миллати соҳибтамаддунамон дар таърихи худ бебаҳра аз машғулиятҳои варзишӣ, шуғлу намудҳои гуногуни тарбияи ҷисмонӣ ва мусобиқоти варзишӣ будааст. Ҳанӯз аз замонҳои гузаштаи дур дар ин сарзамини соҳибтамаддуни мо намудҳои гуногуни варзиш, мусобиқоти варзишӣ роиҷ будаву ин миллат дар майдонҳои муҳорибаҳои варзишӣ қаҳрамонҳои номдору оламшумули худро доштааст, ки имрӯз ҳам боиси ифтихори мардуми моянд.
Имрӯз ба шарофати дастгирӣ ва ташаббусҳои Пешвои миллат шаҳраку ноҳияе нест, ки дар он бунёди варзишгоҳу толорҳои варзишӣ ба роҳ монда нашуда бошад ва ин раванди бунёдкорӣ муваффақона идома дорад. Ҳатто дар дурдасттарин гӯшаҳои кишвар, масалан дар ноҳияи Дарвоз, варзишгоҳи муҷаҳҳазу муосири “Арена Авесто” бунёд гардид, ки дар ифтитоҳи он Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок доштанд. Бояд гуфт, ки инҳо ҳама бо дастурҳои Сарвари давлат амалӣ шудаанд.