ТАТБИҚИ ҲАДАФҲО ДАР “СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ”

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

2 апрел дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар, доир ба эълон гардидани соли 2024 "Соли маърифати ҳуқуқӣ" вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, фаъолони ҲХДТ ва дигар соҳаҳои маънавиёт, аз ҷумла Варқа Зайниддин, ёрдамчии калони прокуратураи вилояти Хатлон, Наҷмиддинзода Садриддин, судяи Суди вилояти Хатлон, Умарҷон Сафаров, сармутахассиси шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Гулмуродзода Қумринисо, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон иштирок доштанд.
 

Дар вохӯрӣ  аъзои гурӯҳи корӣ доир ба мафҳуму моҳияти маърифати ҳуқуқӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, риояи бечунучарои талаботи қонунҳои миллӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, моҳияти терроризму экстремизм, ҳадафҳои ғаразноки ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон, муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҷавононе, ки дар хориҷа таҳсилдошта истифодаи дурусти телефонҳои мобилӣ,  шабакаҳои иҷтимоӣ ва амсоли ин андешаронӣ намуданд.  
 

Дар вохӯрӣ ҳамчунин Қум-ринисо Гулмуродзода, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, суханронӣ намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо дастгирии мардуми шарифи кишвар ва таҳти сарварии хирадмандонаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи ҳадафҳои пешгирифта ноил шуда, ҷомеа ва давлати Тоҷикистонро ба сӯи арзишмандтарин хостаҳои миллӣ зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!», аз ҷумла рушду таҳаввули иқтисодиёт, татбиқи чор ҳадафи тақдирсози стратегии давлат – истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонӣ, ки ниҳояти он  расидан ба  зиндагии шоиста мебошад, раҳнамоӣ менамояд.
 

Яке аз масъалаҳои муҳими фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ин тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи ҳарбӣ - ватандӯстӣ ва сафарбар гардидани онҳо ба сафи Артиши миллӣ мебошад.
 

Дар натиҷаи чораҳои андешидашуда дар даъвати баҳорӣ 146 нафар ва дар даъвати тирамоҳии соли 2023 180 нафар ҷавонон аз тарафи кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳамчун “Сарбози ихтиёрӣ” ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар  сафарбар гардиданд.
 

Дар охир аз ҷониби масъулин ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон маслиҳатҳо дода шуд.