Вохӯриву суҳбати таъсирбахш дар ТИ “Беморхонаи Марказӣ”

Восеъ:  

Имруз, яъне санаи 30.04.2024 дар ташкилоти ибтидоии хизбии «Беморхонаи Маркази»-и ноҳияи Восеъ бо иштироки раиси  Кумитаи ичроияи ХХДТ дар нохия Сафар Ҳафиза Разоқ, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳияи Восеъ-Мирзоева Шарофат ва сардухтури беморхонаи мазкур Иброҳимзода Сарахон вохурию сухбати таъсирбахш доир карда шуд. Сараввал раиси Кумитаи ичроияи ХХДТ дар нохияи Восеъ- Сафар Ҳафиза ба сухан баромада тазаккур доданд, ки Асосгузори сулху вахдати милли-Пешвои миллат дар Паёми имсолаашон ба Мачлиси Олии кишвар кайд карданд: «яке аз масъалахое, ки бо вучуди таъкидхои доими ислоҳ нашуда истодааст, ҳоло ҳам паст будани сатҳу сифати хизматрасони ва муоширати табибон мебошад. Мо ба солимии ҷомеа ва ҳифзи иҷтимоии аҳоли диққати махсус дода, инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро мунтазам тавсеъ ва тахким бахшида истодаем». Дар идомаи вохӯрӣ масъулин оид ба масъалаҳои доғи рӯз аз қабили тарбияи ҳарбӣ ватандӯстии ҷавонон, тарбияи фарзандон дар рӯҳияи хештаншиносӣ, ҷалби ҷавонони шуҷоъ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин, оиди ташаббуси 5-уми Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи пиряхҳо, риояи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ”, саҳм гузоштан дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ, тозагиву ободии диёр бахшида ба сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои андешаронӣ намуданд.Дар фарчом аз кормандони беморхона даъват ба амал оварда шуд, ки бо дилу нияти соф ва ҳисси баланди масъулиятшиноси фаъолият намуда бахри пешгирии бемориҳо мусоидат намоянд.