ВОХУРИИ ГӮРУҲИ КОРӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ КОЛЕҶИ ТИББИИ КАНГУРТИ ДЕҲАИ КАНГУРТ

Темурмалик:  

Санаи 30 – юми апрели соли ҷори бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон Раҷабзода Маҳмасаид, Муовини раиси ноҳия Файзода Меҳриниссо,  Ректори Колеҷи тиббӣ Кангурт Сафаров Зикирулло ва Раиси Ҷамоати деҳоти Кангурт Салимзода Алихон  бо волидайни Колеҷи тиббии Кангурт вохурда вобаста ба масъалаҳои муҳими рӯз корҳои фаҳмондадиҳиро анҷом доданд.Дар вохӯрӣ оид ба даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ободонию созандагӣ, сазовор таҷлил намудани ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи дастуру супоришҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти сиёсати дохилию хориҷии кишвар, риояи ҳатмии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, пешгирии ҷинояткорӣ аз тарафи ноболиғон, истифодаи оқилонаи ҳар як ваҷаб замин, захираи дусолаи маводи ғизоӣ, ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.