ГИРАНДАИ НАФАҚАИ ҲИЗБӢ

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Қишрҳои осебпазири ҷомеа, аз ҷумла шахсони дорои имконияташон маҳдуд, оилаҳои камбизоат ва нафарони барҷомон-да ҳамеша зери таваҷҷуи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор дошта, дар арафаи иду ҷашнҳои миллию давлатӣ бо кумаки моддӣ ва ғизоӣ таъмин мешаванд. Шиори ин ҳизби пешоҳанги ҷомеа “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум мебошад!”.

Лозим ба зикр аст, ки дасти кумак дароз намудан ба ятимону оилаҳои ниёзманд ва маъюбон, аз самтҳои сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад. Ин қишри ҷомеа пайваста зери таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бо кумакҳои моддиву ғизоӣ таъмин мегарданд.
 

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ташаббусҳои наҷибу созандаеро рӯйи кор меорад. Нафақаи ҳизбӣ низ аз зумраи он ташаббусҳо мебошад. Бо мақсади дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа, аз ҷумла маъюбон, ки аз дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, қарори Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон аз 15 октябри соли 2021, №18 «Дар бораи додани нафақаи ҳизбӣ» ба тавсиб расидааст, ки тибқи тақсимоти ҳармоҳа ба маъюбони гурӯҳҳои 1-ум  500 сомонӣ нафақаи ҳизбӣ дода мешавад.

МИННАТДОРӢ

Меҳринисо Маъруфзода, аз ҷумлаи он нафароне аст, ки имконияти маҳдуд дорад. Ҳар ду пой ва як дасташ ҳаракат намекунанд. Беш аз як сол аст, ки нафақаи ҳизбӣ мегирад. Мегӯяд, борҳо дар арафаи иду ҷашнҳо аз тарафи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар бо кумакҳои молиявию ғизоӣ таъмин гардидааст.
 

Ӯ аз ҳисоби маъюбияташ ҳар моҳ аз ҷониби  давлат 350 сомонӣ ва аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар 500 сомонӣ нафақаи ҳизбӣ мегирад, ки барои таъмини рӯзгори ҳаррӯзаи хеш сарф мекунад. Мегӯяд, ин ҳама дастгириву ғамхориҳои падаронаи Роҳбари давлат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  мебошад.
 

 «Онҳое, ки мисли ман маъюб ҳастанду ҳаракат карда наметавонанд, ниёз ба дастгирӣ доранд. Ман аз Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Бохтар изҳори миннатдорӣ менамоям, ки маро бо нафақаи ҳизбӣ таъмин карданд»,-бо хурсандӣ иброз медорад Меҳринисо.

ДУОГӮИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Дасти кумак дароз кардан ба маъ-юбону бепарасторон ва оилаҳои ниёзманд аз амалҳои неки инсонӣ ба шумор меравад. Хушбахтона, имрӯзҳо чунин табақаи ниёзманди ҷомеа аз ҷониби  фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, соҳибкорону шахсони саховатпеша дастгирӣ меёбанд. Эҳсонкорию хайрхоҳӣ аз қадим дар дили мардуми тоҷик маъво гирифта буд, ки онро то ба имрӯз пос доштанду барои савоб ин амали нек-ро ба анҷом мерасонанд.
 

Меҳринисо Маъруфзода мегӯяд, ки ҳамеша дар ҳаққи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дуо мегӯяд. Зеро Роҳбари давлат дар ҳар як суханронии хеш аз шахсони имконияти маҳдуддошта ба некӣ ёд мекунанд ва зимни сафарҳои кориашон ба минтақаҳои мамлакат сари ятимону бепарасторон ва маъюбонро бо меҳрубониҳои падарона навозиш мекунанд. Суханони Пешвои миллат ба мо маъбон неру мебахшаду  қавитар месозад.
 

Волидайни ин духтари маъюб низ аз дастгириҳои ҳамаҷонибаи ҳизбиёни вилоят қаноатманд буда, ин ҳама иқдомҳои неки инсондӯстонаро давоми ғамхориҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ карданд.

ШАХСИ ҲУНАРМАНД…

Қаҳрамони мо бо вуҷуди маъюб будан бекор нишастанро хуш надорад. Мегӯяд, агар як дастат дар ҳаракат асту чашмонат сӯрохи сӯзанро мебинад, бояд барои таъмини рӯзгори хеш дар зиндагӣ талош намоӣ. Маъюбияташ модарзодӣ нест, аз дарахт меафтаду фалаҷ мешавад. Волидайн барои барқарор кардани саломатии фарзандашон борҳо дар беморхонаҳои вилоятию ҷумҳуриявӣ ӯро бистарӣ намуданд.
 

Соли 2018 Меҳринисо ба омӯ-зишҳои Ташкилоти ҷамъиятии маъ-юбони “Шодком”-и вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар шомил шуд ва ҳунарҳои дӯзандагию бофандагиро  аз худ кард. Ҳоло дар ин ташкилот ба дигар ҳамтақдиронаш ҳунарашро меомӯзонад. Ӯ мегӯяд, Ташкилоти “Шодком” чархи зиндагӣ ва ҳаёти мо маъюбонро ба суйи орзуҳо тоб медиҳад.
 

Ҳунарҳои дастӣ ҳолати руҳиву равонии ӯро то ҳадде беҳтар кард, зеро дигар танҳоиро эҳсос намекунад. Ҳар рӯз ба кор меравад ва бо шогирдону дӯстонаш шӯхикунон медӯзанду мебофанд ва маблағ ба даст меоранд. Дар баробари ҷойи кор, дар хона низ фармоиш мегирад. Аз матоъҳо ҷузвдонҳои гуногун, болишт, чодарӣ ва аз зарфҳои пластикӣ гулҳои ороишӣ омода мекунад.
Маҳсулоташ харидор дорад. Ба он маъюбоне, ки қобилияти кор кардан доранд, гуфтанӣ аст, ки ҳунар омӯзанд ва барои таъмини рӯзгори хеш талош намоянд. Кунҷи хонаро ихтиёр накунанду муҳтоҷ ба касе нашаванд. Шахси ҳунарманд ҳамеша мавқеи худро дар ҷомеа пайдо мекунад.

Амонҷон МУҲИДДИНОВ.
“Ҳамрози халқ”