МАҶЛИСИ РАЁСАТИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

23 апрел дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои  фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар семоҳаи якуми соли 2024  ва нақшаҳо барои минбаъда  баргузор гардид.

Дар Маҷлиси Раёсат Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Садриддин Ширинбекзода, мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муовинони раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб, раисону сармуҳосибони  кумитаҳои иҷроия дар шаҳру ноҳияҳо ва мудирони шуъбаҳои Кумитаи иҷроияи вилоятӣ иштирок доштанд.


Маврид ба зикр аст, ки дар маҷлиси Раёсати  ду масъала, аз ҷумла ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар семоҳаи якуми соли 2024 ва нақшаҳо барои минбаъда  ва   масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.  

Нахуст, Саидзода Ҷамшед Ҳамро, рӯзномаи маҷлисро кушода, онро ба ҳозирин шинос намуд.Сипас, Наврӯз Ҳусейнзода, муовини раиси Кумитаи иҷ-роияи ҲХДТ дар вилоят доир ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ суханронӣ намуд.
Қайд гардид, ки Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб дар семоҳаи якуми соли равон як қатор корҳои назаррасро ба анҷом расонидааст. Аз ҷумла, ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсиву ташкилӣ таҷлил намудани 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ ва 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мунтазам тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодааст. Дар давраи ҳисоботӣ дар асоси андешидани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ шумораи аъзои ҲХДТ дар вилоят ба 196 ҳазору 34 нафар расидааст.
 

Тибқи банди 4.1 Оинномаи ҲХДТ асоси ҳизбро ташкилоти ибтидоӣ ташкил медиҳад. Тибқи маълумоти оморӣ дар вилоят   2 ҳазору 847 адад  ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ фаъ-олият дошта, дар амалисозии ҳадафҳои  барномавии ҲХДТ ва иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми арзанда доранд.
Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ дар баробари диққати ҷиддӣ додан ба масъалаи зиёд кардани сафи аъзои ҳизб ва шумораи ташкилотҳои ибтидоӣ, ҳамзамон ба масъалаҳои вусъатбахшии корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ, ташкилу баргузории чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ, маданӣ-маърифатӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва аксияву иқдомоти ҳизбӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.
Аз ин ҷост, ки давоми моҳҳои январ-марти  соли равон дар арафаи таҷлил аз иду ҷашн ва санаҳои муҳими таърихӣ, аз ҷумла Рӯзи  таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, Рӯзи модар, Наврӯзи байналмилалӣ, инчунин ҷашну идҳои касбӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ ва аксияву иқдомоти ҳизбӣ роҳандозӣ карда шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади шарҳу тавзеҳи  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 28 декабри соли 2023 ироа гардида буд, бо ташкили гурӯҳҳои таблиғотӣ ва таҳияи нақшаи вохӯриву мулоқотҳо, инчунин дар ҳамбастагӣ бо вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар ва сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят бо аҳолӣ ва кормандони соҳаҳои  мухталифи хоҷагии халқи вилоят 3 ҳазору 187 вохӯриву мулоқот анҷом дода, то ҳол корҳои фаҳмондадиҳӣ идома доранд.
 

Лозим ба ёдоварист, ки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии  Демократии  Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он вобаста ба дас-туру супоришҳое, ки дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону  намояндагони ҷомеа ва ходимони дин, ки санаи 9 марти соли ҷорӣ баён гардидааст, корҳои муайяне ба сомон расонида шудааст.
Аз ҷумла, доир ба масъалаи ҷалби сокинон ба корҳои ободонию созандагӣ, тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист, пешгирии ҷинояту қонуншиканӣ ва   ҳуқуқвайронкунии   ноболиғону ҷавонон, пешгирии зоҳир-парастию хурофотпарастӣ, пешгирии шомилшавии ҷаво-нон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ҷалби ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ, тарғиби либосҳои миллӣ, пешгирии зиёдаравӣ, яъне оростани маъракаҳои серхарҷ, илова бар ин аз як замин гирифтани ду-се ҳосил, истифодаи самараноки неруи барқ, татбиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллии фарҳангию динӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз ҳамарӯза бо усули “Хона ба хона” корҳои таблиғотию ташвиқотиро  баргузор намуда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабарҳо интишор мегарданд.

 

 Ҳамчунин, вобаста ба эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” тибқи нақша-чорабиниҳо вохӯрии раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар якҷоягӣ бо намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ бо қишрҳои гуногуни ҷомеа роҳандозӣ шуда истодааст.
Ҷиҳати амалигардонии  та-шаббусҳои ҳизбӣ дар шаҳру ноҳияҳо бо ҷалби соҳибкорон ва ташкилотҳои ибтидоӣ 275 км роҳҳои байни кӯчаҳо сангфарш ва 51 км роҳҳо мумфарш гардида, 262 ҳазору 96 ниҳол шинонида шудааст.    
Боиси тазаккур аст, ки дар доираи Амалиёти муштараки “Мактаби ман” бо иштироки 15 ҳазору 643 нафар хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии солҳои хатмашон гуногун дар 1 ҳазору 660 муассисаи таълимӣ вохӯриҳо доир карда шуда, оид  ба бартарафсозии камбудию норасоии муассисаҳои таълимӣ суҳбат ва таклифҳо анҷом дода шудааст. Дар ин давра аз тарафи собиқ хатмкардагон ҷиҳати бунёди муассисаҳои таълимӣ, синфхонаҳои иловагӣ, таъмир ва таъмини онҳо бо мизу курсӣ, тахтаҳои электронӣ ва компютерҳо  корҳои муайяне ба  анҷом расонида шудааст.

 

Бо роҳи баргузории дарсҳои кушод дар доираи Амалиёти муштараки «Соати сиёсӣ» барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти асосӣ ва миёнаи умумӣ, миёна ва олии касбӣ маърузаҳо ва суҳбату вохӯриҳои   фаҳмондадиҳӣ    бо ҷалби коршиносон, собиқадорон ва кормандони ҳизбӣ 1 ҳазору 930 хониши сиёсӣ бо фарогирии 181 ҳазору 281 нафар хонанда баргузор гардид.
Ҷиҳати даъвати шаҳрвандон ба тозагию ободонӣ, ҳифзи муҳити зист ва риояи қоидаҳои гигиенӣ, Муроҷиатномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон қабул карда шуда, дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар ва шоҳроҳҳо ба ронандагони нақлиётҳои  мусофиркаши хатсайрҳои  Душанбе-Бохтар,  Кӯшониён-Бохтар ва дигар хат-сайрҳо аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” беш аз 450 адад Муроҷиатнома даст-рас карда шуд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки бо ибтикори Кумитаи иҷроияи  Ҳизби  Халқии  Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҳар ҳафта рӯзи панҷшанбе дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «ҲХДТ-ҳизби созандаву бунёдкор!» бо иштироки кормандони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои ибтидоӣ ташкил ва гузаронида мешавад.

Дар рафти баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни сокинон беш аз 44 ҳазору 117 адад варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шудааст.  Аз ҷониби шуъбаҳои кор бо занони кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар  шаҳру ноҳияҳо бошад, дар ин давра дар якҷоягӣ бо ҳайати гурӯҳи таблиғотии ҳизбӣ вобаста ба татбиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” суҳбату вохӯриҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни  сокинон дар деҳаю маҳаллаҳо доир гардиданд.
 

Бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ, Рӯзи модар, Наврӯзи байналмилалӣ, дар умум, бо ибтикору ташаббуси шуъбаҳои кор бо занони кумитаҳои иҷроияи ҳизбии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он чорабиниҳо ва вохӯриҳои гуногун баргузор гардида, ҳамзамон аёдати  собиқадорон ва занони фаъол ба роҳ монда шуданд. Мавод оид ба баргузории ин чорабиниҳо дар сомонаи ҳизбӣ ва шабакаи иҷтимоии “Facebook” ҷойгир карда шуда, варақаҳои таблиғотӣ тақсим карда шуданд.
Аксияҳои ҳизбии “Дидори волидайн бо сарбозон”, “Модар ту биҳишти  ҷовидонӣ”, “Зан-зевари меҳр”, “Наврӯз ҷаҳонӣ шуд”, “Наврӯзи хуҷастапай”, “Ҷилваи Наврӯз”, “Тоҷикона мепӯшем!”,  “Ин  Ватанро мо ҷавонон сабзу хуррам мекунем!”, “Зебо Ватан дорам!” аз зумраи онҳост.

 

Дастгирии гурӯҳҳои ниёзманди аҳолӣ аз вазифаҳои хоссаи сохторҳои ҳизбӣ ва аъзои саховатпешаи ҳизб ба ҳисоб меравад, ки он дар ҳошияи дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда шудааст.
 

Бояд қайд кард, ки дар семоҳаи якуми  соли 2024 ба қишрҳои осебпазир, хона - интернет, маъюбон, ниёзмандон аз ҷониби фаъолони ҳизб, соҳибкорони муваффақ ба маблағи 1 миллиону 417 ҳазору 609 сомонӣ ба 21 ҳазору 558  нафар, аз ҷониби вакилони ҳизбӣ 517 ҳазору 435 сомонӣ ба 2 ҳазору 424 нафар, аз ҷониби кумитаҳои иҷроия дар шаҳру ноҳияҳо ба 539 оилаи эҳтиёҷманд ба маблағи 108 ҳазору 885  сомонӣ кумак расонида шудааст.
 

Инчунин, дар ин давра дар қисмҳои низомӣ аз ҷониби соҳибкорон ба маблағи 383 ҳазору 425 сомонӣ ба 4 ҳазору 332 нафар, аз ҷониби вакилони ҳизбӣ 234 ҳазору 396 сомонӣ ба 2 ҳазору 246 нафар ва аз ҷониби кумитаҳои иҷроия дар шаҳру ноҳияҳо ба маблағи 77 ҳазору 390 сомонӣ ба 1 ҳазору 953 нафар сарбоз туҳфа тақдим ва дастархони идона ороста шуданд.
 

Бояд қайд намуд, ки дар арафаи Иди Саиди Фитр кумитаҳои  иҷроияи  Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон  дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҳизб, садақаи фитрро ба таври муташаккилона ба қишри ниёзманди ҷомеа ҳамчун кумак расониданд. Кумакҳои расонидашуда аз ҷониби соҳибкорон ба маблағи 6 миллиону 848 ҳазору 46 сомонӣ ба 13 ҳазору 344 нафар, вакилони ҳизбӣ ба маблағи 777 ҳазору 123  сомонӣ ба 2 ҳазору 599  нафар  ва аз ҷониби  кумитаҳои  иҷроияи  ҲХДТ дар  шаҳру ноҳияҳо ба маблағи 58 ҳазору 580 сомонӣ ба 182 нафар ятиму бепарастор, маъюбу барҷомонда, оилаҳои камбизоату дигар табақаҳои ниёзманди ҷомеа дар намуди маводи ғизоӣ, асбобу анҷоми рӯзгор, таъмири хонаҳо ва дигар эҳтиёҷотро ташкил медиҳад.
 

Бо мақсади дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа, аз ҷумла маъюбон, ки аз дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд,  қарори Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон аз 15 октябри соли  2021, №18 «Дар бораи додани нафақаи ҳизбӣ» ба тавсиб расидааст, ки тибқи тақсимот ҳармоҳа ба маъюбони гурӯҳҳои 1-ум  ба маблағи 500 сомонӣ пардохт карда мешавад.
 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷи-кистон, махсусан Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ ба ҷавонон таваҷҷуҳ ва ғамхории махсус зоҳир намуда, ба хотири дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст.
 

Бо мақсади татбиқи дас-туру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби шуъбаҳои кор бо ҷавонон ва ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и назди кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷиҳати баланд бардоштани донишу маърифати ҳуқуқӣ ва таъмини волоияти қонун, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ, пешгирии гаравиш ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷомеа тавассути пешбурди корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ пайваста вохӯриву суҳбатҳо ва чорабиниҳои гуногун гузаронида мешавад.  
 

Дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди вилоят чорабиниҳои фарҳангиву сиёсӣ роҳандозӣ гардиданд. Аз ҷумла, дар ҳамкорӣ бо ташкилоту муассисаҳои марбута дар қисмҳои ҳарбии дар шаҳру ноҳияҳои вилоят воқеъбуда чорабиниҳои фарҳангӣ ва боздиди хонандагони синфҳои болоӣ, аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” аз шароити хизмати ҳарбӣ дар мусобиқаҳои варзишии волейбол, бандкашӣ, дастхобонӣ ва гурзбардорӣ бо сарбозон иштирок намуданд.  
 

Аксияҳои ҳизбӣ таҳти унвони “Ба хизмати Модар-Ватан омодаем!”, “Ба Ватан содиқем”, “”Писари ман-сарбози ман!”, “Артиш такягоҳи давлат ва сипари миллат аст!”, “Хизмати Модар-Ватанро аз дилу ҷон мекунем!” аз ҷумлаи чунин чорабиниҳо маҳсуб меёбад.
 

Бо мақсади раҳнамоӣ ба шуҷоатмандиву далерӣ, дӯст доштани обу хоки сарзамини аҷдодӣ, баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстии сарбозон, риояи меъёрҳои ҳарбӣ ҳамчун асоси ба камол расидани онҳо ва дар ин замина ривоҷ додани тарбияи ҳарбию ватандӯстӣ дар шароити имрӯзаи ҷомеа, ки яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, вохӯрии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед Ҳамро дар 4 қисми низомии дар ҳудуди вилояти Хатлон воқеъбуда доир гардид.
 

Лозим ба ёдоварист, ки нишондиҳандаҳои фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он дар семоҳаи якуми соли 2024 дар таносуб ба ҳамин давраи соли гузашта қаноатбахш  арзёбӣ гардида, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳо баҳри дар амал татбиқ намудани  дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талош менамояд,  изҳор дошт Наврӯз Ҳусейнзода.
 

Сипас, Саидзода Ҷамшед Ҳамро, вобаста ба Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, қабули аъзо ба сафи ҳизб, афзоиши шумораи ташкилотҳои ибтидоӣ аз ҳисоби корхонаҳои навтаъсис, пардохти саривақтии ҳаққи узвият, интишори мавод дар сомонаҳои ҳизбӣ,  шабакаҳои иҷтимоӣ, пешниҳоди андешаву вокунишҳо ба маводи  муғризонаи   хоинони     миллат,
тақвият бахшидани ташаббус-ҳои ҳизбӣ дар доираи аксияҳои ҳизбӣ таҳти унвонҳои “Якҷоя месозем!”, “ҲХДТ-ҳизби созандаву бунёдкор!”, пешниҳоди матлабҳои таҳлилӣ ба нашрияи Марказии “Минбари халқ”, сафарбаркунии шаҳрвандон барои кор ба НБО-и “Роғун”, вусъат бахшидани  чорабиниҳои  гуногуни ҳизбӣ бахшида ба 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ, сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ тибқи “Роҳнамо барои сарбози ихтиёрӣ”, истифодаи самараноки замин, дастрасии сокинон ба Муроҷиатномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон оид ба дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат дар мулоқот бо фаъолони ҷомеа ва ходимони дини кишвар суханронӣ карда, раисони кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳоро  ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои дар болозикршуда вазифадор намуд.

 

Дар идома, Садриддин Ширинбекзода, мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ зимни суханронии хеш ироа дошт, ки агар ба таърихи таъсисиёбии  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон назар афканем, эътимодманд мешавем, ки ин ташкилоти бонуфузи сиёсӣ аз андешаи марди худогоҳу хештаншинос, фарзанди баруманди халқи тоҷик  Пешвои миллат сарчашма мегирад. Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғози соҳибистиқлолии кишвар лозим шумориданд, ки чунин ташкилоти сиёсӣ дар Тоҷикистон арзи ҳастӣ дошта бошад, барои мардум хизмат намояд ва   таъсиси ин ҳизби сиёсиро пешниҳод карданд. Хушбахтона, имрӯзҳо мо-мардуми шарифи Тоҷикистон дар арафаи 30-солагии таъсисёбии ин ҳизби пешбарандаи ҷомеа қарор дорем. Қайд кардан ба маврид аст, ки нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ муҳим арзёбӣ гардида, таҳти шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!” фаъолият менамояд.  Аз ин лиҳоз мо-ҳизбиёнро зарур аст, ки дар  татбиқи ғояҳои барномавии ҳизб, дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафту шукуфоии Ватани азизамон қадамҳои устувор гузошта, ин санаи муҳими таърихиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем.
 

Баъд аз баррасии масъала-ҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.Чун анъана ҳар семоҳа тибқи Рейтинги ҳизбӣ куми-таҳои иҷроияи фаъол қадрдонӣ карда мешаванд. Дар ин се-моҳа ҷойи сеюм насиби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  ноҳияи Кӯшониён, ҷойи дуюм Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  ноҳияи Фархор ва ҷойи якум бо “Ҷоми сайёр” насиби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон сазовор дониста шуд.
 

Пас аз анҷоми маҷлиси Раёсат доир ба пешниҳоди ҳисоботҳои молиявӣ тариқи электронӣ ва гузаштан ба низоми ғайринақдӣ бо иштироки сардори шуъбаи молияи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Мирзоалӣ Файзизода ва раисону сармуҳосибони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят семинари омӯзишӣ сурат гирифт.

Таҳияи
Зебо Икромзода,
“Ҳамрози халқ”