ЛЕВАКАНТ: ДОМАНИ ХАЙР МЕКАШАД, ДАСТИ НИЁЗМАНДИ МО...

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии маъюбон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, ташкилоти ибтидоии ҳизбии Маркази хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона дар тарабхонаи «Оила» барои маъюбон дастархони идона ва чорабинии фарҳангӣ ташкил карда шуд.

Дар чорабинӣ муовини раиси шаҳр-Шоҳиён Саъдулло ва масъулини КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант дигар ташкилотҳои ҳизбӣ иштирок намуда, шахсони имконияти маҳдудидоштаро бо расонидани кумакҳо аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, соҳибкорон ва шахсони хайрхоҳу саховатпеша руҳбаланд намуданд.

Шоҳиён Саъдулло дар ҳузури шахсони имконияти маҳдудидошта баромад намуда, зикр кард, ки имрӯзҳо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакан, дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як шахси имконияти маҳдудидошта таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҳамеша бо даст додани имконият кумак ва дастгири менамояд.

Инчунин ба ҳамаи иштирокдорони чорабинӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроия, ҶДММ «Мурғи Порсиён» ва дигар саховатмандон кумаки яквақтаинаи пулию ғизоӣ расонида шуд.

Ҳамзамон ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр бо барномаи рангини консерти хотири иштирокдоронро шод гардониданд.

Боиси зикр аст, ки бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии маъюбон беш аз 100-шахсони имконияти маҳдудидоштаи шаҳр аз кумакҳои пулию молӣ ва ғизоӣ баҳравар гардиданд.