ГИРДУ АТРОФ АЗ БАРФ ТОЗАЮ ОЗОДА ГАРДОНИДА ШУДАИСТОДААСТ.

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯзҳо ба сардии ҳаво нигоҳ накарда, тамоми кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ва ташкилоту муассисаҳои ноҳия дар якҷоягӣ баҳри бехатар намудани ҳаракати пиёдагардон дар роҳравҳо ва эмин нигоҳ доштани дарахтон аз зарари барф ба ҳашари дастаҷамъона баромада, ҳама рӯза гирду атрофи муассисаҳоро аз барфу ях тоза намуда, дарахтони аз барфи зиёд хамида шударо озода намуда истодаанд.

Зимнан аз ҳисоби кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ва дигар муассисаҳо ҷадвали навбатдории шабонарӯзӣ тартиб дода шуда, бо ин восита дар тартиботи ҷамъияти ва амнияту бехатарии Кумита саҳм хоҳанд гузошт.