МАҶЛИСИ РАЁСАТИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ МУЪМИНОБОД ДОИР ГАРДИД

Муъминобод: Ҳисобот  

Санаи 29-уми апрели соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод таҳти роҳбарии раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод Сайрамбӣ Ҷалилова бо иштироки раиси  ноҳияи Муъминобод Амирзода Сайвалӣ Раҳмоналӣ узви раёсат, роҳбарону  мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳо, масъулони муассисаҳои таълимию тиббии ноҳия ва дигар шахсони масъул, Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод оид ба ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи якуми Кумита дар соли 2024, баргузор гардид.

 

Дар маҷлис масъалаҳои зерин баррасӣ гардиданд:

 

1. Натиҷагирӣ аз фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод дар семоҳаи якуми соли 2024 ва вазифаҳо барои давраи минбаъда;

2.Ҷараёни амалисозии Нақшаи чорабиниҳо оид  ба таҷлили 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон;

3.Баррасӣ ва тасдиқи қарорҳои ташкилотҳои ибтидоӣ оид ба қабул, хориҷ ва боздошти аъзои ҳизб;

4. Масъалаҳои ҷроӣ;

Вобаста ба масъалаи якум Раиси Кумитаи иҷроия Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод Сайрамбӣ Ҷалилова доир ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод дар се моҳи якуми соли 2024 ва вазифаҳо барои давраи минбаъда баромад намуд. Мавсуф қайд намуд, ки новобаста аз камбудию пешравиҳо кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод фаъолияти семоҳаи якуми соли 2024-ро бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намуда, дар пешравию корҳои созандагӣ, тарғибу таблиғи ҳадафу барномаҳои ҳизб ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни аҳолӣ саҳми арзанда гузоштанд.

Ҳамчунин дигар масъалаҳои рӯзномаи маҷлис низ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар фарҷоми Маҷлис Амирзода Сайвалӣ Раҳмоналӣ- раиси ноҳияи Муъминобод қайд намуданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби пешгоми ҷамъият дар сафҳои худ он қувваи бузургу созандаеро муттаҳид намудааст, ки метавонад дар раванди корҳои созандагию бунёдкорие, ки имрўз дар саросари кишвари азизамон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами ҳизбамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷараён доранд, саҳми муносиб дошта бошанд.