Оила –ниҳоди муқаддас аст.

Восеъ: Андеша  

Оила – сарчашмаи муҳаббат, эҳтиром, якдилӣ ва дилбастагист. Оила ҳамчун унсури асосии ҷомеа ҳамеша нигоҳдорандаи арзишҳои инсонӣ, фарҳанг, идомаи таърихии наслҳо ва омили мустаҳками инкишоф аст.Рӯзи байналмилалии оила, ки соли 1993 бо қарори Ассамблеяи Генералии СММ эълон гардидааст, ҳамасола санаи 15-уми май таҷлил мегардад. Мақсад аз таҷлили ин ҷашн — ҷалби диққати давлату ҷомеа ба мушкилоти мавҷудаи оила мебошад. Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд. Дар оини оиладории халқи тоҷик таълиму тарбияи фарзанд ва хушбахт будани оила рукни асосии зиндагии якҷояи зану шавҳар ба ҳисоб меравад. Оилаи солим дар ҳоле ба ҷамъият фоидаи худро расонида метавонад, ки ҳар як узви он бо андешаи солим ба воя расида, барои пешравии кишвараш саҳмгузор бошанд.  Яке аз сабабҳои асосии бадбахтии оилаҳои ҷавон рашки зиёд ва зулми пайваста аз пушти ин кор аст. Рашк ҳар қадар кам бошад, беҳтар аст, зеро оқибат зӯроварию хушунатро дар худ дорад. Равоншиносон мегӯянд, ки агар дар хонавода зӯроварӣ ҷой дошта бошад, он ба ахлоқи кӯдакон таъсири манфӣ мерасонад. Тибқи мушоҳидаҳо аксар ҷинояткорон аз оилаҳои носолим мебароянд. Чунки кӯдаке, ки дар оилаи пур аз хушунат ба воя мерасад, дар оянда дузд, бераҳм, тарсу ва рӯҳафтода мешавад. Аз ин рӯ, зӯроварӣ дар оила таҳдид ба солимии ояндаи ҷомеа аст.

Оила ин худ давлати хурде мебошад, ки қонуну қоидаи худро дорад, дар ҳамин макон агар фарзандон дуруст тарбия ёбанд, чун фарзандони солиму бардам ва баору номус, пас ба халқу Ватани худ содиқона хизмат менамоянд.

Оила мактаби аввалинест, ки инсон дар он тарбият мегирад, донишу малакаи рӯзгордориро аз худ мекунад, ҳамзистӣ бо атрофиёнро меомӯзад, ҳамчунин фарзандоне, ки ҳамарӯза аз ин мактабе, ки омӯзгоронаш падару модар мебошанд, таълим мегиранд.

Хулоса, ҳар яки моро зарур аст, ки дар бунёди оилаи солим ҳиссагузор бошем. Чунки агар оила солим бошад, зиндагӣ рангинтару гуворотар гардида, ояндаи фарзандон дурахшон мешавад. Ояндаи дурахшони фарзандон бошад ин ояндаи дурахшони кишвар мебошад.

Г.Мирзоева-мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар н. Восеъ.