ОИЛА  БУНЁДГУЗОРИ МАКТАБИ ИНСОНДӮСТӢ ДАР ТАРБИЯИ НАСЛИ НАВРАС МЕБОШАД.

Балҷувон: Созандагони ватан  

Дар воқеъ, оила дар ҳама давру замон ҷиҳати ташаккулёбии ҷомеа ва рушди фархангу маънавиёти миллату давлатҳо нақши созгор дорад. Зеро калиди ҳама гуна дастоварду пешравии ҷомеа, оилаҳои солиму устувор ба шумор мераванд. Бахусус, аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои рушди оила, инчунин ташаккул ва пойдориву устувории оилаҳои ҷавон диққати махсус зоҳир менамояд.

Омӯзиши паёмҳои Сарвари давлат нишон дод, ки дар баробари дигар соҳаҳои иҷтимоӣ ба масъалахои таҳкими муносибатҳои оиладорӣ, алалхусус баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии оилаҳои ҷавон таваҷҷуҳи махсус дода шуда, масъалаҳои танзими оила, дастгирӣ ва кумакпулиҳо барои оилаҳои камбизоат, беҳбудии зиндагии оилаҳои бесаробон, сарфаю сариштакорӣ дар оилаҳои ҷавон, тарбияи маънавӣ ва муҳити солим дар оила, такмили низоми қонунгузории оилавӣ, пешгирии пош хӯрдани оилаҳои нав, солимгардонӣ ва пойдории оила, одоби оиладорӣ дар мисоли оилаҳои собиқадору ботаҷриба ва дар ниҳояти кор, ташаккули ҷомеаи солим низ аз мадди назар дур намондаанд.

Гуфтан ба маврид аст, ки фарзандон беҳтарин воситаи бақои оила ва сарчашмаи асосии хушбахтии мо мебошанд. Аз ин сабаб, барои тарбияи дурусти онҳо муҳити боварӣ ва эҳтироми ҳамдигариро фароҳам овардан зарур аст. Маврид ба зикр аст, ки миллати тоҷик дар тули таърих ба масъалаи тарбияи фарзанд аҳамияти ҷиддӣ медод. Дар қисми якуми моддаи 18 Эъломияи ҳуқуқи кӯдак сабт шудааст, ки «таъмини манфиатҳои кӯдак бояд мавзуи асосии ғамхории волидайн бошад».