БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ДАР КИИ “ОЛИМОН”

Кӯлоб:  

Санаи 15-майи соли равон дар КИИ “Олимон” мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила дар мавзуи “Мақоми оила дар ҷомеаи муосир” бо иштироки омӯзгорону донишҷӯёни факултет баргузор гардид. Мизи мудаввар бо суханронии номзади илмҳои иқтисодӣ Сафарова Муборак оғоз шуда, мавсуф қайд намуданд, ки “Оила бақои давлат ва ҷамъият буда, зерсутун ва пойдевори тарбияи насли наврас маҳз аз он сарчашма мегирад. Яке аз масъалаҳои мубрами ҳаёти имрӯзи ҷомеа бунёди оилаву ҷомеаи солим ва тарбияи насли ояндасоз ба шумор меравад, ки ҳалли дурусти он ба тарзи ҳаёт ва ҷараёни инкишофи худи инсон ва рушди ҷомеа вобаста мебошад. Оила дар фарҳанги мардуми кӯҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд”. Дар идома Иброҳимова Рухшона - номзади илмҳои география дар мавзуи “Оила- нигоҳдорандаи арзишҳои баланди инсонӣ” ва Раънои Нуралӣ - муаллими калони кафедраи менеҷмент ва маркетинг дар мавзуи “Оила макони меҳрубонӣ” маърӯзаҳои худро ироа намуданд. Мизи мудаввар бо саволу ҷавоб ва музокира байни иштирокчиён ба охир расид.