МАҶЛИСИ СЕМОҲАИ ҲИСОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “АСИН”

Левакант:  

ЛЕВАКАНТ: Маҷлиси ҳисоботи семоҳаи якуми соли 2024дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “АСИН”-и шаҳри Левакант бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ, доир гардид.

Дар маҷлис нахуст, фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ арзёбӣ гардида, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи имрӯзаи сиёсии ҷаҳон, дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаҳои таблиғу ташвиқ ва фаъолияти ҳадафноки ҳизбиён баҳри пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр зимни суханронӣ зикр намуд, ки хизматҳои шоёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Декмократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди тағйироти нави бунёдкориву созандагӣ, аз ҷумла бунёди неругоҳҳои барқӣ, кушодану васли роҳу нақбҳо, таҳкими ватандорӣ ва ифтихори миллӣ ҷойгоҳи боиси таҳсин аст. Ҳамзамон, Роҳбари давлат дар иншои асарҳои гуногуни таърихиву фарҳангии миллат ва зиндаву ҷовид гардонидани чеҳраҳои мондагори илмию адабӣ, қаҳрамонони миллат ва сарнавишти мардуми тоҷик ҳусни тафоҳум бахшида, бо пешниҳоду ташаббусҳои байналмиллалӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ мақоми хосса дорад, ки ин маҳбубият на танҳо боиси боварию эътиқоди мардуми Тоҷикистон, балки ифтихори тамоми тоҷикони ҷаҳон аст.