МАҶЛИСИ РАЁСАТИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОХИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БАРГУЗОР ГАРДИД.

А.Ҷомӣ:  
Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ санаи 29 апрели соли 2024 баргузор гардида, дар маҷлиси Раёсат Қосимӣ Назокат Шералӣ -раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ , Мусозода Абдухолиқ -муовини якуми раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ , аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб, кормандону масъулини сохторҳои ҳизбии ноҳия, аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” иштирок намуданд.
Дар маҷлис масъалаҳои рӯзнома “Натиҷагирӣ аз фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар семоҳаи якуми соли 2024 ва вазифаҳо барои давраҳои минбаъда”, “Ҷараёни амалисозии Нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Точикистон”, “Баррасӣ ва тасдиқи қарорҳои ташкилотҳои ибтидоӣ оид ба қабули аъзои ҳизб” ва масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Аз рӯйи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис Қосимӣ Назокат Шералӣ -раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ “Оид ба натиҷагири аз фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар семоҳаи якуми соли 2024 ва вазифаҳо барои давраҳои минбаъда” гузориш дода, иброз дошт, ки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия дар давоми семоҳаи якуми соли 2024 фаъолияти худро дар асоси санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳавӣ ба роҳ монда, дар ин самт як қатор тадбирҳои муайяну муҳимро ба иҷро расониданд. Ҳизбиёни ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ фаъолияти хешро аз оғози се моҳаи соли 2024 аз омодагиҳо ба истиқболи 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷлили 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба роҳ монда, такя ба аъзоёну ҷонибдорон ва аҳли ҷомеаи ноҳия намуда, дар ин роҳ ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд.
Ҳамчунин дар доираи аксия ҳизбӣ таҳти унвонӣ «Якҷоя месозем» 40 нафар волонтиёрони назди кумита фаъолона иштирок намуда,танҳо дар назди бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ зиёда аз 150 гулҳои ҳамешасабз, 400 дона гулу буттаҳои ороишиву мавсимӣ шинонида шуда,ҷавонону волонтиёрони ҳудуди ташкилотҳои ҳизбии дар маҳал ҷойгирбуда низ дар сарсабзу хуррамгардонии маҳалли худ саҳми беандоза гузоштаанд. Дар раванди баргузории аксияҳои ҳизбӣ, ба роҳ мондани корҳои ободонӣ ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Тандурустӣ”- роҳбараш Нурализода Алихон Ҷиён, “Дармонбахш”- роҳбараш Солиев Амриддин, “Маорифчиён”- роҳбараш Гадоев Абдукарим, “Башардӯстон” –роҳбараш Наҷмиддинов Сафарбек “Каленин”, “Иттифоқ”, “Яккатут” ва Дустӣ аз худ фаъолнокӣ нишон дода, мунтазам бо Кумитаи иҷроия ҳамкориро зич ба роҳ монданд. Дар давраи фаъолияти ҳисоботӣ бо дастгирии баъзе аз сохторҳои ҳизбӣ ва соҳибкорони ноҳия дар арафаи санаҳои таърихӣ ба 106 нафар эҳтиёҷмандон дар шакли моддию пулӣ кумакҳо расонида шудааст. Дар самти сиёсати ҷавонон корҳо тақвият ёфта истода, фаъолияти ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва фаъолияти волонтёрӣ дар ноҳия бомаром рушд ёфта истодааст. Ҳизбиёни ноҳия дар ростои кор бо ҷавонон бештар фаъолиятро дар самти баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва худогоҳии ҷавонон, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ, ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ, ҳамзамон аз худ кардани донишу ихтисосҳои замонавӣ ва интихоби касби муосир равона кардаанд. Вобаста ба ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ҷавонони синнусоли даъватӣ баргузор гардида, онҳо барои хизмат ба сафи Қувваҳои муссаллаҳ ва ҳифзи марзу буми кишвар, аз ҷумла ҳамчун ихтиёрӣ ба хизмат рафтан, таблиғ гардиданд. Вобаста ба ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даъвати баҳорӣ аз ҷониби Кумитаи иҷроия ду нафар аъзои оилаи кормандони Кумита ҷалб гардида, ба хизмат сафар карда шуданд. Аз ҷониби Кумитаи иҷроия ба хонаводаи сарбозони ихтиёрӣ кумакҳои яквақтаи расонида шуда, ин иқдом идома хоҳад ёфт. Ғамхорӣ ва дастгирии гурӯҳҳои ниёзманди аҳолӣ ҳамчун ҳадафи иҷтимоии барномаи ҳизб ҳамеша мавриди таваҷҷуҳ ва вазифаҳои хоссаи сохтори ҳизбӣ ва аъзои саховатпешаи ҳизб қарор дорад, ки он дар ҳошияи дастуру роҳнамоиҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда шудааст. Сохторҳои ҳизбии ноҳия ҷиҳати дастгирии қишри ниёзманди аҳолӣ дар арафаи санаҳои таърихӣ ва иду ҷашнвораҳо доимо шахсони ниёзмандро, аз қабили собиқадорони меҳнат, маъюбон ва ятимон аёдат намуда, онҳоро бо кумакҳои гуногуни пулию моддӣ фаро мегиранд. Давоми фаъолияти ҳисоботӣ ба 18 ятимони кул, 3- нафар оилаҳое, ки фарзандонашон дар ҷанги марзӣ нобуд гаштанд, инчунин 3- нафар маъюби гурўҳи якум кӯмакҳои иҷтимоӣ расонида шуд, ки ин кумакҳо аз ҳисоби кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизбӣ маблағгузорӣ карда шудааст. Баъди баромадҳо ва тасдиқи қарорҳои қабул гардида, Мусозода Абдухолиқ -муовини якуми раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ оид ба рафти корҳои дохилиҳизбӣ аз ҷумла беҳтар намудани сатҳи баргузории чорабиниҳо, саривақт доир намудани маҷлисҳои ҳизбӣ таъсиси утоқҳои кории ташкилотҳои ибтидоӣ дар сатҳи маҳал, созандагию бунёдкори ва ҷонибдори аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия суханрони намуда, иброз доштанд, ки бо дастгирӣ аз сиёсатӣ сулҳҷуёнаву ободкоронаи Пешвои миллат камари ҳиммат баста, 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30 солагии ҲХДТ-ро дар якҷоягии ҳамма аъзоёну ҷонибдорони Ҳизби Халқӣ Демократии Тоҷикистон дар ноҳия бо дастовардоҳи назарас пешвоз хоҳанд гирифт.