Ҷавонон - дарки вазъияти сиёсӣ!

Хуросон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақшаи муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷуҳурии Тоҷикистон,инчунин дар асоси нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон - Ғуломов Саидасрор Ҷурабекович дар муассисаи таълимии №18 - и ноҳияи Хуросон Амалиёти муштарак зери унвони “Соати сиёсӣ” баргузор гардид.

Дар "Соати сиёсӣ" хонандагон иштироки фаъолона доштанд ва ба онҳо дар атрофи се мавзӯъ сӯҳбат дори гардид.

1. Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон;

2. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ” 3.Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”;

Дар вохӯрӣ Ғуломов С. мавзӯъҳои дар боло номбаршударо мавриди омӯзиш қарор дода инчунин аз ҷавонон даъват ба амал овард,кӣ Ватани азизу маҳбуби мо Тоҷикистонро сидқан дӯст доранд ва дар оянда баҳри гулгулшукуфоии он камари ҳиммат банданд.