САДА- ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА МАНФИАТИ МИЛЛӢ

Ҳамадонӣ: Андеша  

  Мавҷудияти миллатро бе арзишҳои миллӣ ва фарҳанги миллияш тасаввур намудан ғайри имкон аст. Барои бақои миллат, забон, фарҳангу тамаддун, урфу одат ва маросимҳои суннатӣ, фарзонафарзандони миллат, шоирону нависандагон ва сиёсатмадоронаш аҳамияти калон дорад.  Яке аз дастовардњои бузурги фарњангии даврони истиќлол, ки Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудаанд, ин таљлили ботантанаи санањои муњими таърихию фарњангии миллати тољик ва бузургдошти шахсиятҳои таърихӣ ва фарзонафарзандони миллати тоҷик мебошад.  Баргузории Симпозиуми байналмилалии 1000-солагии «Шоњнома»-и А.Фирдавсї, таљлили љашнњои 1100-солагии Давлати Сомониён, 3000–солагии Фарњанги зардуштї, 2700-солагии «Авасто», 1150 – солагии сардафтари адабиёти тоҷику форс Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, 2500 – солагии Истаравшани бостонӣ, 2700-солагии шањри Кўлоб, “Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ”, 700 – солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, 3000 – солагии шаҳри Ҳисор, бузургдошти Пешвои мазҳаби ҳанафӣ – Имоми Аъзам, гиромидошти Абдураҳмони Ҷомиву Туғрал, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода , эҳёи санъати мардумии «Фалак» ва ба Созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО пешниҳод намудан ва ба қатори мероси ғайримодии ҷаҳонӣ шомил гардидани он, ба рӯйхати мероси фарҳангии ғайримодии башарият шомил гардидани “Чакан”, бузургдошти санъати касбии «Шашмаќом» ва эҳёи даҳҳо ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ аз заҳмату талошҳои фарҳангофаронаи Пешвои муаззами миллат гувоҳӣ медиҳад. Бархе аз љашнњои номбурда дар даврони мушкилоти иќтисодии кишвар ва нобасомонињо таљлил гардиданд, ки дар ин љода дастгирї ва ташаббуси Пешвои миллат Эмомалї Рањмон хело бузург аст.Ин ҳама арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ то ба ҳол идома дошта, ба як қатор ҷашнҳои миллӣ Шаби Ялдо, Меҳргону Сада, Наврӯз, Тиргон ва дигар ҷашнҳои миллӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ бо тамоми унсурҳои зебогияшон таҷлил шуда истодааст.Яке аз ҷашнҳое, ки солҳои тулонӣ ба ҳукми фаромӯшӣ рафта буд, бо дастгирии давлату ҳукумати кишвар аз нав эҳё гардида, дар сатҳи зарурии ташкилӣ ҳамасола гузаронида мешавад, ин ҷашни Сада мебошад. Ҷашни Сада ва дигар ҷашнҳо аз он хотир муҳим ҳисоб мешавад, ки барои ташаккули худшиносиву худогоҳӣ ва ташаккули фарҳанги миллӣ хизмат менамояд.  Сада ҳамчун ҷашни азёдрафтаи форс-тоҷик дар осори адибону донишмандони классикӣ дар қатори ҷашнҳои Наврўзу Меҳргон борҳо зикр шудааст, аммо доир ба таъриху баргузории он маълумоти нисбатан камтаре ба мо омада расидааст.  Моҳияти ҷашни Садаро пирўзии рушноӣ бар торикӣ, гармо бар сармо ва некӣ ба бадӣ ташкил дода, он ҳамасола дар рўзи 10- уми моҳи баҳмани солшумории ҳиҷрии хуршедӣ, мутобиқ ба 29-30-юми январи солшумории мелодӣ таҷлил мегардад. Мардум дар замонҳои қадим бо баргузории ин ҷашн на танҳо шодиву хурсандӣ карда, аз ғаму андуҳи рўзгор фориғ мешуданд, балки тавассути оташафрузӣ рамзан намоди зимистонро месўзониданд. Ҷашни Садаро, ки дар меҳвараш оташ меистад, аз ин хотир «ҷашни оташ» ҳам номидаанд ва онро хоси дини зардуштӣ медонанд. Вале ба қавли доктор Меҳрдоди Баҳор, Сада ҷашни зардуштӣ нест, зеро дар Авесто аз сада ишорае нашудааст. Оид ба шарҳи истилои «Сада» дар сарчашмаҳои таърихиву адабӣ андешаҳои гуногун зикр шудаанд. Аз ҷумла машҳуртарин тафсири мардумии он ин аст, ки «сада» аз шумораи сад (100) гирифта шудааст ва он иборат аз панҷоҳ шабу панҷоҳ рўз будани замони фаро расидани Навўзро ифода мекунад. Зимнан гуфтан лозим аст, ки Сада пас аз чил рўзи Шаби Ялдо–ойини дигари бостонии эрониён, ки зодрўзи Эзид Митра буд, баргузор мегардад. Ин чил рўз ба чилаи калони тақвими мардумии тоҷикон, ки онро чиллаи зимистон низ меномиданд, айният дорад. Ин ҷашн ёдгорест аз даврони ориёиҳо, ки дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ пайдоиши онро ба шоҳони асотирӣ, Ҳушангу Фаридун ва баъзеҳо ба шоҳ Ардашери Бобакон низ нисбат медиҳанд. Аз ҷумла Хаким Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» оид ба бунёд гузоштани ҷашни Сада чунин ҳикоят мекунад:

Яке рўз шоҳи ҷаҳон сўйи кўҳ,

Гузар кард бо чанд кас ҳамгуруҳ.

Падид омад аз дур чизи дароз,

Сияҳрангу тиратану тезтоз.

Ду чашм аз бари сар чу ду чашма хун,

Зи дуди даҳонаш ҷаҳон тирагун.

Нигаҳ кард Ҳушанги бо ҳушу санг,

Гирифташ яке сангу шуд пешчанг. 

Ба зўри каёнӣ биёзид даст,

Ҷаҳонсўз мор аз ҷаҳонҷу биҷаст.

Баромад ба санги гарон санги хурд,

Ҳамон ону ҳам ин санг бишкаст хурд.

Фурўғе падид омад аз ҳарду санг,

Дили санг гашт аз фурўғ озаранг.

Нашуд кушта мор, валекин зи роз,

Падид омад оташ аз он санг боз.

Ҳар он кас, ки ба санг оҳан задӣ,

Аз ў равшаноӣ падид омадӣ.

Ҷаҳондор пеши ҷаҳонофарин

Ниёиш ҳамекарду ҳамехонд офарин.

Ки уро фурўғе чунин ҳадя дод.

Ҳамин оташ он гоҳ қибла ниҳод.

Бигуфто: «фурўғес ин эзадӣ,

Парастид бояд агар бихрадӣ».

Шаб омад, барафрўхт оташ чу кўҳ,

Ҳамон шоҳ дар гирди ў бо гурўҳ.

Яке ҷашн кард он шабу бода х (в) ард,

Сада номи он ҷашни фархунда кард.

Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,

Басе бод чун ў дигар шаҳриёр.

Абурайҳони Берунӣ дар «Ат таҳфим» навиштааст: «Сабаби оташ кардан ва бардоштани он ин аст, ки Беваросб (Заҳҳок) фармон медод, ки ҳар рўз ду мардро кушта мағзи сарашонро гирифта ба морҳое, ки дар китфони Заҳҳок буд ҳамчун хўрок бар онҳо пешниҳод намоянд. Ва ўро вазире буд номаш Армоил, некдил ва неккирдор. Онҳоро аз ду якеашонро зинда озод карда ба кўҳи Дамованд мефиристод. Ва вақте, ки некӣ бар бадӣ ғалаба карду шоҳ Фаридун баъд аз кўштани Заҳҳок ба тахт нишасту Армоил, ки вазир буд ўро сарзаниш кард ва дар ҷавоб Армоил гуфт: тавоноии ман дар он буд , ки ман аз ду кўшта якеашонро раҳондам ва ҳамаи онҳо дар паси кўҳи Дамованд ҳастанд ва шоҳ Фаридун фармон дод то бираванд ҳама онҳое, ки дар паси кўҳанд бозпас биёранд. Армоил ба шоҳ гуфт: ман ба ҷои одамон гўсфандро кушта мағзи сарашонро бар Заҳҳок пешкаш мекардам». Доир ба пайдоиши ин ид ақидаҳои гуногун вуҷуд дорад.

Аз рўи гуфтаи Абулқосим Фирдавсӣ гўё Хушанг ба мори калоне дучор шуда, сангеро ба мор партофт, ки он ба санги дигар зада, оташ ба амал омад. Аз ин воқеа одамон бори аввал оташро аз худ кардаанд. Ба ин муносибат оташи бузург афрўхта, ҷашн барпо намуданд ва баъдтар онро Сада номиданд. Шоир ва адиб Манучеҳрии Домғонӣ ҷашни саддаро ёдгорӣ аз Каюмарсу Исфандиёр гуфтааст. 

Ҷашни Сада, Амиро, расми кибор бошад, 

Ин ойини Каюмарсу Исфандиёр бошад… 

Аз рўи ойини Сада як рўз пеш аз ид бо роҳбарии мўъбад тарзи ҷашнкуниро маслиҳат менамуданд. 

Дар рўзи ҷашни Садда аз дарахтони хушбўй ҳезумҳои зиёди ҷамъ кардаро дар ҷои баргузории ҷашн баланд чида, бо расидани вақту соати ҷашн онро оташ мезаданд, ки шаби сиёҳ мисли рўз равшан мешуд ва мардум аз он шодиву хурсандӣ мекарданд. Ҷашни сада барои мардум пайғоми аз байн рафта истодани зимистон, пеш омадани баҳор, гармӣ ва нармии хок буд. Одамон дар гирди оташ сурўдхони мекарданд. Дар шароити имрўзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол зина ба зина барои аз нав эҳё кардани иду ҷашнҳои миллӣ давлату ҳукумат бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи қайд кардани иду ҷашнҳои ниёгонамон чун Наврўз, Меҳргон ва Сада корҳои назаррасе ба анҷом расонидаанд.Моҳияти ҷашнҳои миллии мардуми тоҷик Наврӯз, Меҳргон, Тиргон, Сада ва дигар ҷашнҳои аҷдодӣ пеш аз ҳама аз ошноӣ доштан ва омӯзиши табиат ва рушди табиатшиносӣ дар миёни мардумони мо гувоҳӣ медиҳанд. Зеро, ки ин ҷашнҳои миллии мо ба хотири ҷашнгирии солрӯзу зодрӯзи ин ё он шахсияти таърих нест. Балки якҷоя шудан бо табиат, маърифати табиат, дар оғуши табиат будану омӯзтани ҳикмати он аст. Масалан дар Наврӯз табиат эҳё мешавад, айёми кишту кор сар мешавад, растаниҳо месабзанд, гулҳо мешукуфанд, одамон ба таври стихиявӣ бо табиат ҳамовоз мегардад, майл ба ворид шудан ба оғуши зебои табиат шудан дар инсон пайдо мегардад. Яъне табиатро ҷашн мегиранд. Ҷашни Меҳргон низ бо табиат алоқамандӣ дошта, дар ин вақт деҳқонон натиҷаҳои кишту кори худро ҷамъоварӣ намуда, табиат рӯ ба карахтӣ меоварад. Сада бошад пайғоме аз баҳору Наврӯз мебошад. Хурсандиовар ин аст, ки ҷашнҳои миллии мардуми тоҷик бо сарварии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, ки худ шахсияти фарҳангдӯсту фарҳангпарвар мебошад, дубора эҳё гардида, имрӯзҳо табақаи равшанфикри миллат ба омӯзиш ва эҳёи он мусоидат намуда истодаанд. Фалсафаи ҷашнҳои миллии моро имрӯз давлату ҳукумати кишвар ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, аз ҷониби созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО як зумра ҷашнҳо ва арзишҳои таърихиву фарҳангии мо ба феҳристи ин созмони бонуфузи байналмилалӣ шомил гардида истодааст. аз ин рӯ уфтан мумкин аст, ки имрӯз мо ҷавонон таърихи давлату миллати худро омӯхта арзишҳои миллии худро дубора эҳё намоем. Бадин васила дар рушди фарҳанги ҷаҳонӣ саҳми боризи худро гузошта бошем.

 

Комил Азизов К.Ҷ., н.и.ф., дотсенти кафедраи 

фанҳои гуманитарии Донишгоҳи давлатии Данғара