МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗӮИ “ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН ВА ШАҲРВАНД”

Қубодиён: Созандагони ватан  

Санаи 25-уми апрели соли 2024  дар толори “Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Қубодиён” мизи мудаввар дар мавзӯи “Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд” бахшида ба эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати Ҳуқуқӣ” ва 30 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

 Дар мизи мудаввари мазкур директори “Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Қубодиён”, муовини САҲШ, сармутахассис-ҳуқуқшиноси дастгоҳи раиси ноҳия Зардаков Меҳриддин, корманди машварати ёрии ҳуқуқӣ Ҷалилзода Восеъ, намоянда аз ШВКД-и ноҳия Ҷалилзода Ваҳобиддин, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Музаффаров Иззатулло, аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”, донишҷӯён ва омӯзгорони “Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Қубодиён” иштирок дар бораи мавзӯи болозикргардида иброзу андешаҳои худро ироа  намуданд.