ДАСТОВАРДҲОИ ДАВРОНИ  ИСТИҚЛОЛИЯТ

Ёвон: Андеша  

Бинобар ин, барои ҳар кишвар  бузургтарин ва бебаҳотарин неъмат, ба ҷуз истиқлоли сиёсӣ  чизи дигаре нест.  Зеро бо ба даст овардани истиқлол мардуми сарзамин метавонад,ки ба озодии комил бирасад, соҳибихтиёриро ба дасти хеш бигирад ва дар рушди роҳи ояндаи кишвар гомҳои созандаву устуворона гузорад. Ба ин маъност, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешваи миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуда буданд: “Яке аз муҳимтарин  дастовардҳои мо дар даврони истиқлол давлатсозӣ ва давлатдории   муосири миллӣ мебошад,ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд,иҷтимоӣ ва дунявиро дорад”.

       Сарфи назар  аз мушкилоти солҳои аввали соҳибистиқлолӣ воқеан ҳам,истиқлол барои рушди  тамоми  соҳаҳо ва созандагию бунёдкориҳо, заминаи боэътидод гузошт ва шароиту имкониятҳои мусоидро фароҳам овард. Шукри Истиқлол,ки халқи  шарафманд ва ободкору созандаи  мо дар рушди  давлатдории миллӣ қадамҳои устувори худро  гузошт ва дар зарфи сиву ду соли созибистиқлолӣ ба комёбиву дастовардҳои беназир ноил гардид. Аз ин рӯ, комилан табиист,ки вазъи имрӯзаи кишварамон дарку эҳсоси нави арзишҳои фарҳангию миллиро тақозо намудааст,зеро баробари ба даст овардани  истиқлол заминаи мусоидат ташаккулёбии худшиносию худогоҳии миллӣ, таваҷҷуҳ ба мероси таърихии халқ,эҳёи  давлатдории миллӣ, забони миллӣ,анъанаҳои фарҳангию маърифатӣ, ҷашну маросимҳо ва ғайраро тақозо дорад.

        Бидуни таърифу муболиға, Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои ноил шудан ба дастовардҳои муҳим дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангии мардуми шарифи кишвар,  хостан ҷавонону наврасон, нақши босазо  гузошта,ба ташаккули сиёсати давлатии қишри  ояндадору  ояндасози ҷомеа шароиту имконияти зиёдеро фароҳам овард. Махсусан , вохӯриҳои пайвастаи  Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони кишвар  собит  месозанд,ки Сарвари  давлат ба неруи созанда ва пешбарандаи ҷавонон  итминони зиёд доранд. Аз  ин рӯ, ҳар мақомот бо ҷавонони кишвар бо падидаи ҷолиб  ва ташаббуси наҷиб оғоз меёбад.  Маҳз  дар даврони соҳибистиқлолӣ ва бо  дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон Консепсияи миллии  сиёсати ҷавонони Тоҷикистон қабул гардида,  Ҷоизаи бо номи  Исмоили Сомонӣ барои  олимони ҷавон, Фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омода кардани мутахасисон дар   давлатҳои хориҷӣ ва грантҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иттиҳодияҳои ҷамъиятии  ҷавонон дар самти  ватанпарастӣ  таъсис  ёфтаанд.  Теъдоди  квота ва стипендияҳои Арезидентӣ  зиёд гардида, барномаҳои соҳавии “Ҷавонони Тоҷикистон”, “Тарбияи ватандӯстии ҷавонони Тоҷикистон” ва рушди саломатии ҷавонони кишвар дар таҳрири нав қабул  гардидааст.

        Сулҳу  субот  ва ваҳдати миллӣ аз дастовардҳои  арзишманди  таърихию муқаддаси даврони истиқлол ба шумор  меравад. Ваҳдат иттиҳоди сарҷамъии одамон  буда, сулҳу  оромӣ ва ободию пешрафти давлат аз мавҷудияти  ваҳдату ҳамдилӣ вабастагии калон дорад. Воқеан, ваҳдати миллӣ пояҳои истиқлоли сиёсии давлати моро боз ҳам мустаҳкамтар намуд ва ба рушду пешрафти тамоми соҳаҳо мусоидат кард.  Аз ин рӯ, истиқлолу  ваҳдат барои миллату  меҳани мо ду боли  бузурге гардиданд,ки мақоми  Тоҷикистонро дар арсаи байнал милалӣ устувор  ва обрӯву нуфузи  милати тоҷикро баланд бардоштанд.  Барои дар  рӯҳияи  миллатдӯстию  меҳанпарастӣ ва  худогоҳию худшиносӣ   тарбия намудани насли наврас яке аз заминаҳои     бунёди ва қадами устувор  ягонагию ващдат мансуб меёбад. Маҳз бо ин мақсад, ҳукумати Тоикистон ба соҳаи  маориф,махсусан,бунёд ва азнавсозии  муассисаҳои таълимию томактабӣ ва кӯдакистонҳои ҷадиду замонавӣ ва муҷаҳаз гардонидани онҳо бо дастгоҳу лавозимоти муосир аҳамияти махсус медиҳад.

     Боиси таъкид аст,ки дар аксар кӯдакистон ва муассисаҳои  томактабӣ омӯзиш бо се забон – тоҷикӣ,русӣ  ва   англисӣ ба роҳ монда шуда,барои таълиму тарбияи насли наврас мураббияҳои соҳибтаҷриба ба кор ҷалб карда мешаванд.  Биноҳои   навсохти муассисаҳои томактабӣ бо тамоми таҷҳизоти муосири омӯзишӣ, техникӣ ва бехатарӣ таъмину муҷаҳҳаз гардонида мешаванд ва девору роҳравҳои дохили иншоот бо расмҳои қаҳрамонону  афсонаҳои кӯдакона ва инчунин, шарҳи баъзе ҳодисаҳои табиӣ оро меёбанд,ки ин дар рушди ҷаҳонбинии илмӣ ва ташаккули афкору андешаи кӯдакон мусоидат  менамояд. Дар баробари ин,дар кӯдакистонҳои навбунёдгардида бо мақсади ҷалби кӯдакону  наврасон ба зебоипарастӣ,фарҳангдӯстӣ ва солимгардонӣ толорҳои мусиқию варзишӣ низ таъсис меёбанд.

     Ҳамин тавр соҳибистиқлолӣ  барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард,ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ,ҳуқуқбунёд ва дунявӣ  интихоб намоем. Истиқлол  барои мардуми  шарафи Тоҷикистон рамзи олии ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию   давлатдорӣ, кору пайкори созанда,азму талошҳои фидокоронаи  расидан ба истиқлоли сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда,меъёрҳои ҷомеаи  шаҳрвандиро таҳким  бахшид ва дар  як вақт ҳаёти озодонаи  ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. истиқлол барои мо нишони барҷастаи  пойдории давлат, бақои миллат,рамзи  асолату ҳувият, мазҳари ормонҳои  таърихӣ, шиносномаи  байналмилалӣ ва шарафу эътибори  ба ҷаҳони мутамаддин  пайвастани  кишварт соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

      Имрӯз Тоҷикистон соҳибихтиёр  аст. Самари неки истиқлол аст, ки меҳани азизи мо Тоҷикистон дар  дунё чун давлати ташаббускори ғояҳои ҷаҳонии ҳифзи обу иқлим ва сулҳхоҳу   сулҳпарвар  шинохта шудааст. Таҷрибаи  сулҳи  тоҷикон манбаи  омӯзиши сулҳхоҳонаи як  қатор кишварҳои ҷаҳон гашт ,ки боиси  ифтихори ҳар як фарди милладӯсту меҳанпарасти тоҷик аст. Вазифаи мост,ки ин маъниро дар зеҳни  кӯдакон тавассути  маҳғулиятҳои гуногун  тақвият бахшем ва онҳоро дар рӯҳияи    хештаниносию  ватандӯстӣ тарбия  намоем.

 Содиқова  Дилафруз-аъзои фаъоли ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон