ТОЗАГӢ - МАРОМИ МОСТ

Кӯлоб: Созандагони ватан  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор”-и назди Колеҷи омӯзгории назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ бо иштироки зиёда аз 78 нафар аъзоёни ҲХДТ аксияи тозагӣ таҳти унвони “Тозагӣ мароми мост” гузаронида шуд. Дар ҳашари умумӣ аъзо ва ҷонибдорони ҳизб, аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан-4” фаъолона иштирок намуда, саҳни муассиса, ду канори шоҳроҳи асосии назди муассиса ва инчунин сойи Тебалайро аз партовҳо ва ҳар гуна алафҳои бегона тозаву озода намуданд. Қайд кардан ба маврид аст, ки чунин корҳои ободонӣ баҳри тозаву озода нигоҳ доштани дохил ва гирду атрофи муассиса ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе фориғ аз дарсҳо гузаронида мешаванд.