“ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМӮШ НАХОҲАД ШУД”

КИВ: Андеша  

Рӯзи Ғалаба – Иди ғалаба аз болои миллатгароён дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 мебошад. Рӯзи 9-уми май тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун Рӯзи Ғалабaи халқҳо дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945) эълон гардида, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иди расмии давлатӣ ҷашн гирифта мешавад

Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар радифи шаҳрвандони 15 кишвари иттифоқи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз Тоҷикистон 250 ҳазор сокинони ин мамлакати офтобӣ ихтиёрӣ ба фронт рафта, барои таъмини Ғалаба ба фашизми гитлерӣ ҷонбозиҳо намуданд.

Аз ин миқдор беш аз 90 ҳазор нафарашон ҷони худро аз даст дода, барои диловариҳои беназир 57 нафар фиристодагони Тоҷикистон ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардонида шуданд. Зиёда аз бист ҳазор ҷанговарони тоҷик сазовори ордену медалҳо гардиданд.

Ин ҷанги хономонсӯз, ки дар таърихи башарият даҳшатноктарин ҷанг мебошад, беш аз 1418 шабонарӯз идома ёфт, ҷони 26 миллион шаҳрванди собиқ мамлакати паҳновари Иттиҳоди Шӯравиро рабуд.

Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ 1710 шаҳру шаҳрак, 70 ҳазор корхонаи саноатӣ, 40 ҳазор шифохонаву муассисаҳои тиббӣ, 84 ҳазор мактабу техникум ва донишгоҳу пажӯҳишгоҳҳо дар қаламрави Иттифоқи Шӯравӣ несту нобуд карда шудаанд. Зиёда аз 5 миллион одамон бе сарпаноҳ монда, 4100 истгоҳи роҳи оҳан ва 65 ҳазор километр роҳи оҳан, 14 ҳазор пули қаторагузар вайрон гардида, 63 миллион сар ҳайвоноти калону хурди шохдор ба Германияи гитлерӣ фиристода шуд.

Барои тарбияи насли навраси Тоҷикистон донистани таърихи ин иди бузург ниҳоят муҳим аст. Аз ин рӯ, дар борабари адабиёте, ки аз таърихи гузаштаҳо ба ҷавонон дарс шудааст, ба ин васила дар шаҳру вилояту ноҳияҳои Тоҷикистон якчанд кӯчаҳову майдонҳо ва боғи Ғалаба дар Душанбе номгузорӣ шудааст.

Бигузор насли ояндаи Тоҷикистон бо чунин ҳисси бузурги ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ нерӯи худро танҳо барои ободии Ватани хеш сарф намояд.

ОН СУХАНОНЕ, КИ ДОИМ ДАР ГУШАИ ХАЁЛИ ИНСОНИЯТ САДО МЕДИҲАНД: ГУФТАНИЕМ «ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМӮШ НАХОҲАД ШУД».

РАСУЛЗОДА Азим- мудири шуъбаи омор ва маҳзани ягонаи электронии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон