ОҒОЗИ КИШТИ КАРТОШКА ДАР ЗАМИНИ НАЗДИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ "ҲАЁТИ НАВ" 

Ҳамадонӣ:  

Мусаллам аст, ки картошкаро асосан дар заминҳои полезӣ мекоранд. Душмани асосии картошка гамбуски колорадоӣ аст. Картошка асоси хӯроки инсон ба ҳисоб рафта онро "нони дуюм" низ меноманд.   Вобаста ба ин санаи 19-уми майи соли равон дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и Ҷамоати деҳоти Чубеки ноҳия, ки роҳбарии онро Собирҷон Исматуллоев бар дӯш доранд бо ҳамроҳии омӯзгорон ва хонандагон оғози кишти Картошка дар замини назди муассиса таҳти ҳашари дастҷамъӣ бо маром шурӯъ шуд.    Муқаррар карда шудааст, ки аз картошка зиёда аз 200 хел таом тайёр кардан мумкин аст. Инчунин дар саноат аз картошка оҳар, каучук, коғаз, ранг, спирт ва ғайраҳо ҳосил мекунанд. Дар тиб низ барои табобати касалиҳои гуногун аз он истифода мебаранд. Бар замми ин, картошка хӯроки серғизои чорво ба ҳисоб меравад. Хулоса, картошка зироати пурарзиши ғизоӣ, техникӣ ва хӯроки чорво ба ҳисоб рафта, хусусиятҳои хуби табобатӣ дорад.Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо мақсади самараноку оқилона истифодабарии замин бо сокинони деҳаи "Ҳаёти нав" бо усули “Хона ба хона” корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд. Дар замини наздиҳавлигии сокинон кишти такрории картошка, бодиринг, помидор ва дигар зироатҳо гузаронидашуда, нигоҳубин ва парвариши он завқи бинандаро меорад. Масъули Кумитаи иҷроияи ноҳия Бахтзода Ҷомӣ ҳангоми суҳбат таъкид намуд, ки чунон, ки мебояд бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҳар як ваҷаб замин оқилонаву самаранок истифода бурда кишоварзон дар як сол бояд ду-се ҳосил руёнанд.   Таъкид гардид, ки ин ҳама ободкориҳо маншаъ мегирад аз ҳидоятҳои пайваста ва созандаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои Раиси ноҳияи Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай Маврид ба зикр аст дар муасиссаи мазкур ташкилоти ибтидоии ҳизбии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҳамадонӣ зери номи Ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Ҳаёти нав" амал мекунад.

 

Шуъбаи таблиғот ва иттилоот