ҲАШАРИ ДАСТҶАМЪӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ "ГУЛОБОД"

Ҳамадонӣ:  

  Дар асоси супориши Протоколи ҷаласаи назоратии назди Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай бо назардошти баргузор гардидани маъракаи муҳими сиёсӣ, ҳар шанбе ва якшанбе то ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ташкил намудани ҳашарҳои умуминоҳиявӣ ба ҷалби васеи сокинон ва кормандони идораву корхонаҳо ва дигар ташкилоту муасиссаҳо новобаста аз шакли идоракунӣ, ҷиҳати тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳо, анҷом додани корҳои ободонӣ ва гулшинонӣ сабзкорӣ ва ба шаклдарории дарахту буттаҳо дар идораҳои худ тадбирҳои зарурӣ андешида шавад."

      Вобаста ба супориши протоколии мазкур имрӯз, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Гулобод" - Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8-и ҷамоати деҳоти Меҳнатободи бо иштироки васеи аъзои ташкилот, кормандон омӯзгорон ва хонандагон ҳашари дастҷамъӣ, аз соати 8.то 11. ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани маъракаи муҳими сиёсӣ - 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. 

        Дар шанбегӣ, иштирокчиён дарахтони гирду атрофи коргоҳи худро ба тартиб дароварда, миёни гулҳои саҳни биноро аз алаф озод намуданд. Гузашта аз ин рӯзи Якшанбе низ, ҳашари дастҷамъӣ бо ҳамин минвол идома меёбад.

      Тоза кардани ҷуйборҳои гирду атрофи мактоб бо Омӯзгорон ва кормандони техникӣ мтму №8

 

Аксҳо аз рафти ҳашари имрӯз

Шуъбаи иттилоот ва таблиғоти Кумитаи иҷроия