ТОЗАЮ ОЗОДА НАМУДАНИ КӮЧАЮ МАҲАЛЛАҲО

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар пайравӣ ба гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар тамоми ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия барои тозаву озода намудани манзилу кошона, кӯчаву маҳаллаҳои зист, дар ободонию созандагӣ, тозагиву покизагӣ, сарсабзу хуррамгардонӣ ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани гирду атрофи муассаса саҳми худро гузошта истодаанд.

Бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии муассисаи давлатии “Қасри ҷумҳуриявии фарҳангӣ Данғара”   мунтазам иқдомҳои дарахтшинонӣ ва ободу зебо гардидани муҳити кору зист сурат гирифта истодааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» иброз доштанд, ки «Биёед, табиати Тоҷикистони биҳиштосоямонро ба гулистон табдил диҳем, ободӣ ва тозагиву озодагиро аз ҳар хонаву кошона сар карда, то деҳоти дурдасттарин вусъат бахшем, тамоми қаламрави Ватанамонро хурраму сарсабз гардонем ва соҳиби фарҳангу тамаддуни бостонӣ будани худро ба ҷаҳониён собит намоем».