ВОХӮРӢ БА ПАЁМ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ “ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ КАНГУРТ”

Темурмалик:  

Вобаста ба иҷрои саривақтии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати истифодаи оқилона ва самараноки заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва наздиҳавлигӣ, ҳамчунин шарҳу тавзеҳи муҳтавои эълон гардидани соли 2024, ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” дар асоси нақшаи муштараки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик, бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмасаид, раиси ташкилоти ибтидоии Ҳизбӣ Салимзода Алихон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳия вохури гузаронида шуд .

          Зимни сӯҳбат бо кормандони ташкилоти ҳизбии номбурда нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замини кишоварзӣ, тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз фаҳмонида шуд.