ҲИМОЯИ РИСОЛАҲОИ ИЛМӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА БА ҲУКМИ АНЪАНА ДАРОМАДААСТ

Данғара:  

Санаи 23.04.2024,  омӯзгори кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Данғара, ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Нури истиқлол”  Файзуллоев Абдурозиқ Абдулҳакимович рисолаи номзадии хешро дар мавзуи «Таҳқиқи хусусиятҳои лексикӣ - семантикӣ ва сохтории топонимияи «Тазкират – уш - шуаро» - и Давлатшоҳи Самарқандӣ», таҳти роҳбарии номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи забонҳои Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Қурбонмамадов Сомон Хушқадамович, барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ аз рӯйи ихтисоси 10.02.01 – Забони тоҷикӣ, дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА - 067 назди Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии АМИТ бо муваффақона дифоъ намуд.