ФАЗИЛАТҲОИ САРВАРӢ ДАР ТАҶРИБАИ МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Ҳамадонӣ: Андеша  

Таърихи сиёсии кишвар ва марҳилаи аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон гувоҳ аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти мардумӣ дар ҳифзи Истиқлоли сиёсии Тоҷикистон нақши калидии худро гузошт. Ба ҳама маълум аст, ки миллати тоҷик баъд аз ҳазор соли бедавлатӣ соҳиби давлати мустақил гардид ва баробари эълони Истиқлоли давлат ба вартаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд. Воқеан дар он вақт давлати тозаистиқлол дар ҳолати нобудӣ ва миллат дар ҳолати парокандашавӣ қарор дошт. Зуҳури таҳдидҳо, манфиатҷӯии гурӯҳҳои мухталиф ва идомаи низоъҳо ҳамоно сарнавишти ояндаи давлатро норавшаван ва истиқлоли сиёсиро зери хатари ҷиддӣ қарор дода буданд.Эҳё ва ташаккули давлатдории навини тоҷикон маҳз ба шахсияти ин фарзанди фарзонаи миллат ҳамбастагии хосса ва калидӣ дорад. Маҳз ҳамин симои барҷаста ва мактаби давлатсозии ӯ сабаб гашт, то миллати тоҷик дар майдони шинохти миллатҳо пирӯз гашта, аз ҳастӣ ва тамаддуни волои созандаи худ ба ҷаҳониён дарак дод ва ҷойгоҳу мақоми худро чун як ҷузъи комил дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ пайдо намуд. На танҳо мактаби фазилатҳои инсонии Пешвои миллат шоёни таҳқиқ ва омӯзиши жарф аст, балки фазилати сарварии ӯ мактаби алоҳидаи хирадеро мемонад, ки ҳамтои худро дар назири таърих надорад. Ин мактаб дар фарқият аз дигар равишҳои давлатсозии ҷаҳонӣ аз унсурҳои ҳассоси инсонӣ иборат буда, бо вижагии худ, бо равиш ва услуби универсалии худ, ки муаллифаш ҳастии худро ба миллат мепайвандад ва дар роҳи эҳёи миллаташ ҷон нисор намудаву тақдиру ояндаи худро хоссатан ба тақдири миллати хеш бахшидааст, ягона аст. Маҳз ҳамин сатҳи муҳиммияти омӯзиши ин мавзуъро барои чӣ халқи тоҷик, чӣ барои халқҳои азияткашидаву ҷангдида ва чӣ ба шахсиятҳои сиёсии ҷомеаи имрӯза инъикос намуда, таҷрибаи беназири сулҳоварӣ, сарҷамъии миллат ва билохира давлатсозии навин аст. Инчунин аҳамиятнокии омӯзишии мавзӯъ дар он ифода меёбад, ки масъалаи сарварии оқилона ва хирадмандона, нигоҳдошти тамаддуну маданияти бузурги миллат дар шароити имрӯзаи глобалӣ, ҳифзи манфиатҳои халқ ва нагаравидани неруҳои сиёсӣ ба равияҳои харобиовари тамаддуни башарият, ки заволи давлат ва инсоният аст, дар мактаби давлатсозии Пешвои миллат дарсҳои аввал ва калидӣ буда, дар ниҳод ва тафаккури таълимгирандагони ӯ андешаҳои солими нигоҳдошти анъанаи давлатдорӣ ва идоракунии хирадмандонаву ояндабинонаро ҷо мекунад.Мактаби давлатдории Пешвои миллат мактаби бузургест, ки ҳар лаҳзаи онро бояд омӯхт ва барои наслҳои оянда ҳамчун мактаби сиёсат, мактаби ватанпарварӣ, мактаби вафодорӣ ва созандагӣ ба мерос гузошт. Олимони кишвар вобаста ба такмилу роҳандозӣ намудани маҳорати сарварӣ таҳқиқоти зиёди илмӣ, усулҳои нави тарбияи заминаҳои сарвариро муяйан намудаанд. Бо вуҷуди ин қайд кардан зарур аст, ки маҳорати сарварӣ агар дар вуҷуди инсон набошад, онро тарбия кардан ва дар мафкураи одам ҷой додан душвор ва ҳатто номумкин аст. Вобаста ба ин, барои омода намудани ҷавонон, ҳамчун пайравони Пешвои миллат дар ҷумҳурӣ мактабҳои тайёр намудани сарварони оянда, аз ҳисоби ҷавонони лаёқатманд ташкил карда шудааст, ки ҷанбаҳо ва паҳлӯҳои гуногуни мактаби давлатдории Пешвои миллатро меомӯзанд. Зеро ин мактаби сарварӣ метавонад, чун мактаби бузурги давлатдорӣ натанҳо барои насли ояндаи миллати тоҷик, балки барои ҷаҳониён низ чун намунаи воло хидмат намояд.Имрӯзҳо мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмонро марҳила ба марҳила сиёсатмадорони дунё омӯхта таҷрибаи онро барои барқарор намудани сулҳу суботи давлатҳои ҷангзадаву азияткашида истифода мебаранд. Чунки Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори асил, абармарди қавиирода, бонангу номус, дурбину озодфикр тавонист ҷасурона ва хирадмандона давлатро баъди талаву тороҷ, сӯхтаву валангор шуданаш, бо мардуми азияткашидаи сарсону саргардон идора карда, ҳамагонро сарҷамъ намояд ва бо мухолифин ҳамчун бародари гумроҳгашта бо меҳру муҳаббат муроҷиат карда, нақшаҳои софдилонаи худро нисбат ба ояндаи ватану миллат равшан намояд ва ҳамагонро бовар кунонад, ки ҳадафи асосии ӯ ба ҳамаи он бесарусомониҳо хотима додан ва барқарор намудани ваҳдати миллӣ дар кишвар аст. Ҷасуриву далерии Эмомалӣ Раҳмонро дар ҳар қадами сарварии ӯ тамоми ҷаҳон дид ва баҳо дод. Бузургон гуфтаанд: «Инсон донишу малакаро дар раванди зиндагӣ меомӯзад, аз бар мекунад, аммо хирад доди Худо аст». Хиради сарвари мо, доди илоҳӣ аст, ки аз рӯзҳои аввали роҳбарии ӯ баръало муайян гардид.Ӯ ҳамчун Пешво танҳо барои некуаҳволии мардуми шарифи Тоҷикистон, оромиву осоиштагии он, аз ояндаи дурахшони кишвари тоҷик бо самимияти беандоза, аз қалби худ сухан мегуфт. Ӯро мардуми шарифи тоҷик дӯст дошт, бовар кард ва ҳамчун роҳбари шафиқу меҳрубон, ташаббускору созанда, худшинос ва наҷотдиҳандаи худ интихоб намуда, аз пайи даъватҳояш рафтанд, ба суханҳояш гӯш доданд, қабул карданд, пешниҳодоташро иҷро намуданд, ба ваъдаҳояш бовар карданд ва дар охир сарбаланд гаштанд. Пас, инҷост маҳорати суханварӣ, сарварӣ ва мактаби давлатдории Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон.Президенти кишвар аз рӯзҳои аввали сарварӣ таваҷҷуҳи хосса ба ҷавонон равона карда, онҳоро қувваи ояндасози миллат интихоб кард. Сарвари ҷавону дурбин дар ҷавонон ва ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон ояндаи дурахшони миллатро дида, ҳанӯз ҳамчун вакили Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» саҳми худро гузошт. Яъне идораи босамари ин низоми фаъолият метавонист, иштироки ҷавононро дар ҳама зинаҳои идоракунии давлатӣ таъмин созад. Сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат аст, ки ҷавонони лаёқатманду баору номуси миллат дар тамоми самтҳои фаъолияти ҳокимияти давлатӣ ҳамчун роҳбар интихоб гардида, неруи бузурги ояндасози худро дар татбиқи сиёсати давлатӣ истифода мебаранд.Сарвари мо тавонистанд, давлатро барқарор намуда, онро нигоҳ дошта, рушд диҳанд. Сарвари адолатпарвари тоҷикон таваҷҷуҳи ҷомеаро ба худ ҷалб карданд ва ҳамчун сиёсатмадори асил дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ бо таклифу пешниҳод ва иқдомоти арзандаи худ ҳамчун ситораи дурахшон ҷилванамоӣ карданд.

Диловар РАҲМОНЗОДА,

сардори раёсати молия ва баҳисобгирии Академия