АКСИЯИ ҲИЗБӢ ЗЕРИ УНВОНИ "ОБОДКОРӢ МАРОМИ МОСТ" ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ ДАР ШАҲРИ НОРАК.

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси Нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак ҳар рӯзи панҷшанбе тамоми кормандони ташкилоту муассисаҳои шаҳр, аъзоёни фаъоли ҲХДТ ба таври оммавӣ Аксияи ҳизбиро зери унвони "ҲХДТ - ҳизби созанда ва бунёдкор" бахшида ба 30 - солагии ҲХДТ ҳамчун рӯзи ободониву созандагӣ" дар сатҳи баланд баргузор менамоянд.

Чунин иқдом ҳар рӯзи панҷшанбе дар ташкилотҳои  ибтидои ҳизбӣ гузаронида мешавад.

Субҳи имрӯз дар маркази шаҳри Норак аз ҷониби аъзоён ва кормандони тамоми ташкилотҳои  ибтидоии ҳизбӣ  барои ободу зебо гардонидани шаҳр  Аксияи ҳизбии "Ободкорӣ мароми мост" баргузор гардид.

Аъзоёну кормандони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ  бо меҳнати софдилона ва ғайрати зиёд баҳри ободу зебо гардонидани гирду атрофи корхонаҳо ва биноҳои истиқоматӣ, хулоса тамоми шаҳр ҳамеша омодаанд. Гулҳои зиёди ороиширо дар роҳраву кӯчаҳо  гирду атрофи корхонаву муассисаҳо шинонидаанд, ки ба шаҳр ҳусни тозае мебахшад. баробари Қаламчаҳои гули садбарг шинонида, бехи гулҳо ва дарахтони арчаро нарм карда, заминро аз алафҳои бегона тоза намуданд.  

Айни замон  ин иқдом аз ҷониби ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар шаҳри Норак давом дорад.