СОКИНОН ЗАМИНҲОИ НАЗДИҲАВЛИГИИ ХУДРО САМАРАНОКУ ОҚИЛОНА ИСТИФОДА МЕБАРАНД!

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

ЛЕВАКАНТ: Сокинони деҳаи Боҳтуробод-1-и Ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Левакант ҷиҳати амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳарчи бештар истеҳсол кардани маҳсулоти кишоварзӣ ва барои ду сол захира намудани маводи зарурии ғизоӣ заминҳои наздиҳавлигии худро самараноку оқилона истифода мебаранд. Зеро вазъи имрӯзаи ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки масъалаи таъмини амнияти озуқаворӣ дар мадди аввал қарор гирад ва ҳар қитъа замини корам самараноку оқилона истифода шавад.

Тавре ба масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант маълум гашт, сокинон асосан дар заминҳои наздиҳавлигӣ картошка, сабзавот  ва полезӣ кишту парвариш карда, давоми сол ду-се ҳосил мегиранд ва дар баробари оилаи худ бозори дохилиро ҳам бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ таъмин менамоянд.

Истеҳсоли барзиёди маҳсулоти кишоварзӣ, ки дар заминаи истифодаи самараноку оқилонаи замин ба вуҷуд меояд, дар беҳдошти рӯзгори сокинон аҳамияти муҳим дошта, имрӯз дар ҳар оила ба як амали ҳатмӣ ва маъмулӣ табдил ёфтааст.