МАВҚЕИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАЪМИНИ СУЛҲУ АМНИЯТИ МИНТАҚА ВА ҶАҲОН

Ҷайҳун: Вокуниш  

Нақши худшиносӣ ва ифтихори миллиро дар таърихи тамаддуни башарӣ ҳамчун пойдевори бақои миллат муайян намуда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид менамояд; «Миллате, ки тафаккури миллӣ, таъриху адабиёт, забон, расму оин ва арзишҳои фарҳангиашро аз даст медиҳад, истиқлолияти худро пуштибонӣ карда наметавонад. Миллате, ки хотираи таърихиашро пос намедорад, хоҳ нохоҳ ба тафаккури ғуломона гашта, истиқлолияти миллиашро аз даст медиҳад. Ҳифз накардани таърихи миллат ба инкори гузашта бурда мерасонад».

Дар ин росто қобили зикр аст, ки маҳалгароӣ, бегонапарастӣ, тамоюлҳои геопалитикии ҷаҳони имрӯза - экстремизм, терроризм ва дигар ҷараёнҳо яке аз омилҳои бевоситаи заифкунандаи  пояҳои истиқлолияти давлатӣ мебошанд. Президенти мамлакат, Пешвои миллат ҳалли масъалаҳои зеринро ҳамчун омилҳо ва заминаҳои пойдор намудани давлати соҳибистиқлол таъкид намудааст.

Воқеан Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ зери хатар монда буд. Қувваҳои сеюм барои заиф намудани  Истиқлолияти давлатӣ  ҳама чораҳои ғаразноки худро андешида буданд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда  Ҳукумат ва роҳбарияти Тоҷикистон ба масъалаи таъмини ҳуқуқии рушди ҷомеа эътибори ҷиддӣ медиҳанд. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон аҳамияти ҳам миллӣ ва ҳам байналмилалӣ касб намуд. Сулҳу амнияти бадастовардаи Тоҷикистонро сиёсатмадорон ва сарварони созмонҳои бонуфузи ҷаҳон  баҳои баланд додаанд. Мавқеи Тоҷикистонро дар таъмини сулҳу амнияти минтақа ва ҷаҳон аз суханон ва таъкидҳои пайдарпайи Пешвои миллат, муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон метавон ба хубӣ дарк намуд.

Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи  кишваррҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд. Президенти маҳбуби миллат чандин маротиба аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид намуданд, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад.

Боиси таасуф аст, ки баъзе созмонҳои байналмилалӣ аз ҷониби як қатор доираҳо ва давлатҳову фондҳо ошкоро маблағгузорӣ гардидани созмонҳои террористиву ифротгаро, поймолшавии ҳуқуқи инсон, аҳволи тоқатфарсо  ва дар роҳи муҳоҷират дар баҳрҳо ғарқ шудани ҳазорон нафар гурезаҳо, аз ҷумла занону кўдаконро нодида мегиранд.

Дар доираи тақвияти мубориза бо  терроризм  ва эктсремизм бояд номгӯи субъектҳои бо онҳо муборизабаранда васеъ ва дақиқ гардида, дар баробари ин ҷавобгарӣ ва ҷазо барои содир намудани ҷиноятҳо ба муқобили сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат,  ҷиноятҳои хусусияти террористиву экстремистидошта ва хиёнат ба Ватан, шарикӣ дар чунин ҷиноятҳо, аз ҷумла нисбат ба ташкилкунандагон ва шахсони ба онҳо мусоидаткунанда пурзӯр карда шавад.

Яке аз сабабҳои асосии ба гурӯҳҳои  ифротгароӣ, аз ҷумла терроризм  ва экстремизм шомил шудани ҷавонон дар давраи муосир якум дараҷа ин бесаводӣ ва надоштани фаҳмиши сиёсию маърифатии худи ҷавонон ва дигар ин  тавассути шабакаҳои интернет ва хабарҳои бардурӯғ ба психологияи онҳо таъсир расонидани ин гурӯҳҳо мебошад.

Албатта, суботу амнияти Тоҷикистон, устувории ҷойгоҳи Тоҷикистон ва амнияту осудагии марзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар яки мо арзиши калидӣ дорад. Ин аст, ки имрӯз Тоҷикистон ва марзи давлатии Тоҷикистон хатти пеши сангари ҷаҳони мубориза бар зидди ифротгароӣ ва экстремизму терроризм, хатти муқаддами ҷабҳаи муборизаи байни амнияту нооромӣ ва рӯшноию торикӣ гаштааст. Ин нақши минтақавии суботи Тоҷикистон ва ин аҳамияти ҷахонии марзи давлатии Тоҷикистонро аввал худи мо ва сипас тамоми кишварҳои минтақа ва ҷаҳон бояд дарк намоянд. Метавон бо ифтихор хулоса баровард, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси наҷотдиҳанда, таҳкимгар ва рушду такомулдиҳандаи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, давлативу ҳуқуқӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ ва инчунин ба сифати андешаи илмӣ татбиқи  амалии онҳоро таъмин намуд, ки ҳамаи ин дастовардҳоро бояд  ҳар як фарди бонангу номуси Тоҷикистон ҳифз намояд ва дар мубориза алайҳи хатарҳои глобалии ҷаҳонӣ саҳм гузорад.

Ҳасанзода Тағоймурод – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун, Вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳия.