ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ- ВАЗИФАИ ҲАМАГОН 

Ҳамадонӣ: Андеша  

Ба ҳамаи мову Шумо маълум аст, ки авзои ҷаҳон рӯз то рӯз тағйир ёфта, баъзан давлатҳо ба нестиву нобуди рафта, тамоми муқаддасоти худро аз даст медиҳанд. Аз ин рӯ моро зарур аст, ки дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ баҳри пойдор намудани мавқеи худ мебояд, рӯ ба арзишҳои миллӣ намоем. Арзишҳои миллӣ шиносномаи миллат дар сатҳи ҷаҳонӣ буда, гузаштаву ояндаи миллатро муаррифӣ менамояд. Ин аст, ки диққати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин самт равона гардидааст. Тавре аз паёми навбатии Пешвои миллат бар меояд: “Ҳукумати мамлакат дар баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба ҳалли масъалаҳои соҳаи фарҳанг, ҷиҳати муаррифии таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик дар арсаи байналмиллалӣ як қатор иқдомоти назаррас амалӣ намудааст”. Бояд қайд намуд, ки бо ин мақсад танҳо дар худи соли 2023 15 ёдгории таърихиву фарҳангии тоҷикон ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуда, фарҳангу таърихи бою ғании миллати тоҷикро дар арсаи байналмиллал муаррифӣ намуда ва қобили қабул дониста шуд.  Бо пешниҳоди бевоситаи Пешвои муаззами миллат бо мақсади тақвият додани тармиму барқарорсозӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳоди алоҳида – Агентии ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ бояд таъсис ёбад. Ин иқдоми наҷиб бори дигар аз он дарак медиҳад, ки Тоҷикистон ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ мавқеи худро қавӣ нигоҳ дошта, гузаштаи бою ғании худро метавонад ба аҳли башар сарбаландона шинос намуда, ба наслҳои ояндаи худ ҳамчун таъриху тамаддуни миллати сарбаланду бо фарҳанг ба меърос гузорад. Воқеан ҳам, ҷавонони мо бояд ҳамеша дар хотир гиранд, ки ҳастии миллати моро дар тамоми давраҳои таърихӣ маҳз ҳамин арзишҳо таъмин намудаанд ва ҷавҳари таърихии ҳастии миллати мо аз ҳамин арзишҳо иборат мебошад. Маҳз ба туфайли ҳамин арзишҳо миллати мо безавол гардид ва таъмини абадияти ҳастии миллати мо дар оянда низ аз парвариши ин арзишҳо дар замири мо вобаста аст. Чун ояндаи давлатдорӣ ва ҳастию рушду нумӯи миллат бар дӯши ҷавонон мегузарад, ин арзишҳо заминаи боэътимод, такиягоҳи таърихӣ ва дурдонаи маънавии миллатсолорию давлатдорӣ барои мо, насли ҷавон, ба ҳисоб мераванд.

         Хидматҳои шоиста ва мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ дар иртибот ба ҳифзи арзишҳои миллӣ бағоят калон буда, мунтазам баҳри муарифии онҳо ҷаҳду талош менамоянд. Масалан ба хотири поси забони тоҷикӣ, бо забони шевои тоҷикӣ сухан гуфтан аз минбарҳои бонуфузи байналмилалӣ, беҳтарин намунаҳое дар ғамхориҳои фарзанди тоҷик аз миллати худ ва ватани худ ба ҳисоб хоҳанд рафт. Бинобар ин, дар баробари сарвари кишвар бояд ҳамаи мо, ҳамаи афроди мамлакат дар муаррифии миллату ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ба дунёи берун интиқол додани фарҳанги тоҷикӣ, ки туризми миллӣ низ ҷузъи муҳим ва ҷудошавандаи он аст, кӯшиш намоем. Фарҳанги миллиро ба дигар давлатҳо бояд худи мо муаррифӣ намуда, ҷаҳониёнро бо фарҳанги тоҷикӣ, урфу одатҳои миллӣ ва расму оини куҳани хеш ошно созем.

 

                                                    Гулҷаҳон Назарова, директори МТМУ №23 аъзои ҲХДТ