ЧУ ШАЙОТИН ДУР ЗӢ ҚАВИ ОДАМИЯТ ИН ХОИНОНИ МИЛЛАТАНД.

Балҷувон: Андеша  

Аз ин рў, имрўз замоне фаро расида, ки бояд ҷавонону наврасон зери парчами сулҳу ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаву дурандешони Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якҷону яктан муттаҳид шуда, баҳри оромӣ ва сулҳу субот дар ҷомеа талош варзида, дар коҳиш додани шомилшавии ҷавонун наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву эктсремистӣ ва гурӯҳҳои ифротӣ дастаҷамъона саъю талош кунанд. Ҳамзамон, бояд ҳамагон мусоидат намоянд, ки ҷавонону наврасон вақтҳои холигии худро беҳуда ба масраф надода, аз пайи омўзиш бошанд ва дар замири худ андешаеро парваранд, ки бояд ба Модар Ватан хизмат кунанд ва аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ накунанд, далер боматонат, шуҷоъ ва дар ҳифзи марзу буми Ватан ҳамеша омода бошанд.

Бо ақлу дарки волои инсони бояд ба хоинони миллат ҷавоби қонеъкунанда гардонид, ки ба устухони ноодамияшон таъсиргузор бошад. Зеро ки онҳо рондашудаи овора дар биёбону саҳроҳои тасфонанд. Ба беориву пурпусти одат намудаву аз нумуи инсони дараке набурдаанд.

Ё худ мутафакири бузург Носири Хусрав дар китоби ваҷҳи дин фармудааст: "Ва ҳар ки ба муроди хеш андар дин сухан гуфт ӯ деви ронда аст", яъне аниқу дақиқ аст, ки шумо Кабириёну Иқболиёну пайравони шумо динро ба манфиати худ пеша карда мардумро, асосан ҷавононро гумроҳ карда истодаед, исбот ин аст, ки Шумо ҳамаатон ронда шудаед, маънии рондашударо ба фикрам дарк мекунед.

Мирзоев Иззатулло-муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон