МАҲФИЛИ АДАБӢ БА ХОТИРИ ГИРОМИДОШТИ ХОТИРИ УСТОД С, АЙНӢ

Фархор: Созандагони ватан  

 

15-уми апрели соли 2024 ба хотири гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ бо масъулини Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 маҳфили адабӣ таҳти унвони «Устод Айнӣ ва фарҳанги миллӣ» баргузор гардид.Сароғоз устодон андешаҳои худро дар мавзуи болозикр иброз намуда, қайд карданд, ки Пас аз ташкили Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сусиёлистии Тоҷикистон фаъолияти душманони халқи тоҷик боз аз нав авҷ гирифт. Онҳо ба муқобили ташкили Ҷумҳурии Тоҷикистон садо баланд карда, мавҷудияти халқи тоҷик ва забону адабиёти онро бешармона инкор мекарданд. Дар ҳамин шароити душвор исботи мавҷудияти халқи тоҷик аҳамияти басо муҳими таърихӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ пайдо намуд. Зеро фош сохтани моҳияти ақоиди иртиҷоии миллатгароён яке аз шартҳои ташаккули фарҳанги сусиёлистии тоҷик ба шумор мерафт. Маҳз ба ин ният солҳои 1924-1926 дар саҳифаи матбуот доир ба таъриху тамаддун ва забону адабиёти тоҷик мақолаҳои зиёд нашр гардиданд, ки ҷабҳаҳои гуногуни ҳаёти таърихии халқи тоҷик ва ҷоннисориҳои равшанфикрони онро баҳри ҳифзи манофеи миллӣ инъикос мекарданд. Дар ин вазъияти таърихӣ ба майдони мубориза устод Айнӣ ба ҳайси як қаҳрамони миллӣ ворид гардид. Ӯ тавассути таълифи “Намунаи адабиёти тоҷик”, мақолаҳои илмӣ ва асарҳои барҷастаи мустанад алайҳи идеологияи бадхоҳон дар роҳи бедориву худшиносии миллати тоҷик хидматҳои барҷаста кард. Устод дар офаридаҳои хеш бисёр масъалаҳои ҳаёти таърихӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва адабии халқи тоҷикро ба миён мегузорад ва бо мӯшикофиҳои хирадмандона таъриху тамаддуни қадима доштани тоҷиконро исбот месозад. Ӯ таъкид менамояд: “Дар Осиёи Миёна, хусусан дар хоки Бухоро ва Туркистон ба будани як қавми бузурге бо номи тоҷик бояд касе инкор надошта бошад. Соҳиби маданияти куҳан ва адабиёти куҳансол будани ин қавм низ ҷойи инкор нест”.

Сипас маҳфили қироати шеърҳо аз ашори устод С. Айни дар иҷрои хонандагони муассисаи мазкур оғоз гардид, ки ҷамъомадагон бо хотири болида аз қироати шеърҳо истиқбол намуданд.