(ИҚТИБОС АЗ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ "ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН")

Ҳамадонӣ: Андеша  

БОБИ 2. СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН

Моддаи 3. Мақсад ва вазифаҳои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон

 

1. Мақсади тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон аз инҳо иборат аст:

- ташаккул додани айнияти шаҳрвандӣ, сифатҳои баланди ахлоқӣ, ҳувияти миллӣ, тафаккур ва ҳисси ватандӯстӣ дар ниҳоди шаҳрвандон;

- тарбия намудани шаҳрвандон дар руҳияи муносибати ватандӯстона ба ҷомеа ва давлат дар заминаи фаъолияти баланди ҷамъиятӣ, масъулияти шаҳрвандӣ, омодагӣ ва қобилияти хизмат ба Ватан, таҳкиму таъмини манфиатҳои ҳаётан муҳим ва рушди устувори давлат;

- ҳамчун арзишҳои муҳими иҷтимоӣ ва маънавию ахлоқӣ тақвият додани заминаҳои ҳисси шаҳрвандӣ ва ватандӯстӣ дар ҷомеа, ташаккул ва рушди сифатҳои неки шаҳрвандӣ-иҷтимоии насли наврас ва қобилияти аз ҷониби онҳо зоҳир намудани ин сифатҳо дар раванди бунёдкориҳо ба нафъи ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар намудҳои фаъолияте, ки ба таъмини амнияти онҳо алоқаманданд.

 

2. Вазифаҳои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон инҳоянд:

- ташаккули худшиносии миллӣ, муносибати арзанда ба шахсият, ҷомеа, давлат, ғояву арзишҳо, инчунин эҳё ва рушди онҳо;

- ҷалби насли наврас ба низоми арзишҳои иҷтимоию маданӣ, ки таъриху фарҳанги ғанӣ ва ба худ хоси Ватану миллатро инъикос менамояд, дар тафаккури онҳо ташаккул додани арзишҳои олии маънавию ахлоқӣ, маданӣ ва худогоҳӣ, талабот ба рушди минбаъдаи онҳо;

- фароҳам овардани шароити мусоид барои аз ҷониби шаҳрвандон зоҳир намудани ҳисси ватандӯстӣ, адои шоистаи қарзи ҷамъиятию давлатӣ ва ҳарбӣ дар самтҳои гуногуни фаъолият ва муносибат бо назардошти манфиат ва талаботи онҳо;

- тарбияи эҳтиром ба қонун, меъёрҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, ҳисси масъулияти иҷтимоӣ ҳамчун сифатҳои муҳими шахс, ки дар ғамхорӣ ба некуаҳволии кишвари худ, таҳким ва ҳифзи он зоҳир мегарданд;

- тарбияи меҳнатдӯстӣ ҳамчун арзиши муҳими зиндагӣ, майли ба манфиати ҷомеа ва давлат меҳнат кардан;

- ташаккули талабот ба рушди маънавию ахлоқӣ, пешбурди тарзи ҳаёти солим, ғамхорӣ ба пиронсолону наздикон, дастгирии муҳити созгор дар коллективи меҳнатӣ.

 

         Президенти 

Ҷумҳурии Тоҷикистон                

     Эмомалӣ Раҳмон

 

ш. Душанбе, 

аз 24 декабри соли 2022, 

№ 1920