Як қатор одоби иҷтимоӣ, ки мо бояд онҳоро ҳатман риоя кунем:

Ҳамадонӣ: Андеша  

 1- Агар касе ба занги телефони шумо ҷавоб надиҳад, бештар аз ду маротиба занг назанед, шояд онҳо аз посух додан ба телефонатон чизи муҳимтаре дошта бошанд ё ба коре банд бошанд.

 2-Ба онҳое, ки аз онҳо қарз гирифтаед, пеш аз он ки аз шумо баргардонидани онро талаб мекунанд, пулашонро пардохт кунед.

 3-Агар каси дигар пули ғизои Шуморо диҳад, ғизои гаронбаҳоро фармоиш надиҳед.

 4- Саволҳои аҷибе аз қабили: Оё шумо ягон бор издивоҷ кардаед? Ё шумо фарзанд надоред? Ё чаро мошин нахаридед? Ва ба ин монанд суолҳоро ба мардум надиҳед.

 5- Дарро барои шахсе, ки аз паси шумо меистад, ҳамеша боз нигоҳ доред.

 6- Агар ба мошин савор шавед ва дӯстатон дар истгоҳ пули роҳкиро пардохт кунад, дар истгоҳи навбатӣ худ пардохт кунед.

 7- Ба ақида ва андешаи дигарон эҳтиром гузоред, зеро на ҳамеша Шумо ҳақ ҳастед.

 8- Дар ҷараёни сӯҳбат сухани касеро набуред ва ба хулосае шитоб накунед.

 9- Агар бо касе шӯхӣ кардеду танҳо Шумо аз он лаззат бурдед ва тарафи дигар худро нороҳат ҳис мекунад, лутфан бас кунед ва ҳаргиз такрор накунед. Маъзаратхоҳӣ намоед.

 10- Агар касе ба Шумо кӯмак кунад, ба ӯ ташаккур гӯед.

 11- Мардумро дар миёни мардум, ташвиқ кунед ва на танқид.

 12- Дар бораи вазни касе ва андозаи меъдаи ӯ ҳарф назанед. Албатта, агар ӯ ихтиёран ба ин баҳс ворид шуда бошад, дар сӯҳбат мушкиле нест.

 13- Вақте ки касе дар телефони худ аксеро ба шумо нишон медиҳад, дигар расмҳоро ҷустуҷӯ накунед.

 14- Агар дусте бигуяд, ки ба назди табиб меравад, аз ӯ чизи зиёде напурсед, дар хаққаш дуо кунед ва орзуи шифо ёфтанаш намоед.

 15- Ҳамон гунае, ки Шумо ба раҳбарони худ эҳтиром доред, зердастонатонро низ эҳтиром намоед. 

 16- Вақте ки касе бо Шумо сӯҳбат мекунад, лутфан ба ӯ таваҷҷӯҳ намоед, на ба телефонатон.

 17- Ба мардум панд надиҳед, ба ҷуз касе, ки фикри Шуморо мепурсад.

 18- Вақте бо дигарон вомехуред, аз рўзгори эшон напурсед.

 19- Шарт нест, ки аз ҳар масъалае, ки ба Шумо дахл надорад, худро огоҳ созед.

 20- Ҳангоми сӯҳбат бо одамон айнаки офтобии худро кашед.

 21- Дар бораи фарзандонатон ҳарф назанед, шояд тарафи муқобилатон аз ин неъмат маҳрум бошад.

 22- Дар бораи нақшаҳо ва ҳадафҳои шахсии мардум напурсед, зеро ин дахолат ба ҳудуди шахсии онҳост.

 _____________________________

Таҳияи Бахтзода Ҷомӣ