ҶАВОНОН ХАЗИНАИ ТИЛЛОИИ ДАВЛАТАНД

Данғара: Андеша  

Яке аз самтҳое, ки Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон қайд намуданд, ин мустаҳакам намудани пояҳои ташаккули афкори эҷодиву созандагии ҷавонон мебошад.

Ҷавонони мо дар ҳарҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта  бошанд,  бо Ватан, миллат, давлати  соҳибистиқлоли худ ва забону  фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои  ҳимояи онҳо ҳамеша тайёру омода ва зираку ҳушёр бошанд. Мақсаду мароми мо тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, инкишофи тафаккури миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маънавиёту ҷаҳонбинии теъдоди донишҷӯён мебошад. чи тавре, ки дида мешавад, имрӯз ҷавонони мо  дар тамоми соҳаҳои  иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар кор ва  фаъолият карда истодаанд, ки ин беназир аст. Таҳсили ҷавонон дар дохил ва хориҷи  мамлакат,соҳиби касбу исхтисосҳои  гуногун шудани онҳо, ифтихори  миллати мост. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳодҳои созандаи ҷавононро доимо дастгирӣ намуда,  барои амалӣ гардидани онҳо имкониятҳо фароҳам меорад.

Ҷавонони моро зарур аст, ки  нисбати ин гуна ғамхориҳо  тамоми саъю кушиши хешро баҳри донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкориву созандагӣ равона  созанд. Ҷавонони имрӯзаи мо, яъне насли замони истиқлол  аз наслҳои пешина бо савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва  одобу ахлоқ ба қуллӣ фарқ менамоянд. Онҳо Ватани азизро бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдкорона дӯст дошта,  амнияти давлат ва шарафу номуси  ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама ҳавфу хатарҳои номатлуби замони муосир эмин  нигоҳ медоранд ва парчамбардори  ин сарзамин, марзу буми  кишвари муқаддасамон мебошанд.

Роҳбари давлат ба нерӯи ояндасоз ҷавонони лаёқатманд, ихтироъкор, созанда ва навҷӯ диққати махсус дод. Онҳоро дар ҷодаи  илмҳои дақиқи ҷалб карда,  шароити мусоид фароҳам овард, чунки давомдиҳандаи кору  фаъолияти насли калонсол ҳисоб  рафта, ояндаи миллат ва давлати соҳибистиқлол мебошанд.

ОЕВ Ҳусейн  - мудири кафедраи фанҳои гуманитарии Коллеҷи тиббии ДДТХ дар ноҳияи Данғара