ҲАР КАСЕ, КИ ДУР ШУД АЗ АСЛИ ХЕШ

КИВ: Андеша  

Бегонапарастӣ дар сару либос, яъне пушидани либоси бегона бо номҳои сохтаи сатру ҳиҷоб дигар масъалаи мубрам барои ҷомеа мо мебошад. Бегонашавии одоб ва расму оини либоспӯшӣ-бегонашавии фарҳангист, ки истиқлоли фикри, ҳуввияти миллӣ ва фарҳангии милатро халалдор месозад.

Онҳое, ки либосҳои бегонаро мепӯшанд намоишкорӣ мекунанд.

                                                                                     Эмомалӣ Раҳмон

Либос яке аз ҷузъиёти асосии ҳар як халқу миллат маҳсуб ёфта бо мурури гузашти вақту замон такмил меёбад ва бо замона мутобиқ мегардад. Ҳар як миллати рӯи дунё дорои либоси миллии худ буда, аз якдигар тафовут доранд. Либос инъикоскунандаи ҳар халқияту миллат аст.

Миллати тамаддунофари тоҷик аз қадимулайём бо тарзу услуби либоспӯшӣ ва расму оинҳои миллат аз дигар қавму миллатҳо фарқ мекард. Замони Шуравӣ занону бонувони тоҷик дар ҳама ҷашну маъракаҳои сиёсиву миллӣ бо либоси анъанавиии миллӣ атласу адрас бештар ширкат меварзиданд. Куртаи чакан аҳён-аҳён  баъзе бонувон ба бар мекарданду халос, ҳарчанд ягон арусе бе ҷиҳози арусии гулдӯзӣ аз қабили чодарҳои 4-метраи чакандӯзӣ шуда сару либоси чакан, гулбаст бардориву болиштҳои гулдӯзии зардӯзӣ ва порчадӯзӣ ба хонаи домод намерафтанд. Айёме фаро расид, ки ҷиҳози арӯсии духтарони ба шавҳар баромада, солҳои сол дар даруни сандуқҳояшон кӯҳнаву фарсуда шудаанд буд. Даргириҳои дохилии кишвар муддате занону бонувои тоҷикро бесаранҷом кард. Барои занону бонувони чашми кордон кор ёфт шуд. Дар ҳоле, ки аксар замон шикоят аз намудани ҷойи кор доштан занону бонувони ҳунарманд ҷиҳозу чаканҳои дар сандуқҳо хобидаро бо тарзу усули замонавӣ пероҳану ҷиҳози маъмулии хонаводагӣ таҳия ва тайёр карда бархе истифода бурда, бархе онҳоро фурухта рӯзгорашонро пеш бурданд. Аммо ин ҳама муваққатӣ буд. Барои занону бонувони тоҷик аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат эълон гаштани солҳои 2019-2024 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ба тасвиб расид, ки барои бонувон манбаи  илҳому зиндагӣ шуд. Акнун бонувони тоҷик бо азму иродаи қавӣ аз пайи эҳёи ҳунарҳои аҷдодӣ гаштанд. Бонувони тоҷик огаҳ ҳастанд, ки маҳз бо саъю кушишҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи 13-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО дар  шаҳри Порт-Луиси Ҷумҳурии Маврикий номинаи “Чакан, ҳунари гулдӯзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” расман ба феҳристи фарҳанги ғайримодии башарият ворид гардид, ки ба кулли мардуми тоҷику тоҷикистони шодию фараҳ бахшид. Маҳз ин иқдоми дурбинонаи Президенти кишвар ба ташаккулу эҳёи ҳунарҳои миллии ниёгон мусоидат намуд. Либоси чакан бо тарҳу услуби зебову шинам дар ҳама гушаву канори ҷумҳурии азизамон дида мешавад. Тайи соҳибистиқлолии кишвар чандин коргоҳу корхонаҳои хурду калони адрасбофию атласбофӣ ва чакандӯзӣ ифтитоҳ ёфта истодаанд ва барои ба кор таъмин гаштани занону бонувон мусоидат менамоянд.

Мирзоева Зарина

Сармутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони

КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон