МАҶЛИСИ РАЁСАТИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ВОСЕЪ БАРГУЗОР ГАРДИД.

Восеъ: Ҳисобот  

Санаи 29-уми апрели соли равон тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроия дар ноҳияи Восеъ бо иштироки аъзоёни раёсат,  раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ва кормандони масъули ҳизбӣ маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ баргузор гардид. Дар Маҷлиси Раёсат 4 масъала;

  1. Натиҷагирӣ аз фаъолияти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар семоҳаи якуми соли 2024 ва вазифаҳо барои минбаъда;
  2. Ҷараёни амалисозии нақша-чорабиниҳо оид ба таҷлили 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон;
  3. Баррасӣ ва тасдиқи қарорҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ оид ба қабул, хориҷ ва боздошти аъзои ҳизб
  4. Масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Маҷлисро раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ –Сафар Ҳафиза Разоқ кушода, кори маҷлисро пеш бурд.

Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Мирзоев Сафаралӣ оид ба фаъолияти 3 моҳаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар соли 2024 ва вазифаҳо барои давраҳои оянда ҳисобот пешниҳод намуд,

Доир ба масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис - амалисозии нақша-чорабиниҳо оид ба таҷлили 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Гулрухсор Мирзоева –мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳия баромад намуд.

Оиди масъалаи сеюм Иботов Диловар-мудири бахши омор ва маҳзани ягонаи элекиронӣ гузориш пешниҳод намуд.

Масъалаҳои дар рӯзномаи маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ гузошта шуда пурра баррасӣ гардида қарорҳои дахлдор қабул гардиданд. Вобаста ба масъалаҳои рӯзномаи маҷлис якчанд нафар раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ба музокира баромада, фикру андешаҳои худро оид ба таҳкими фаъолияти ҳизбӣ пешниҳод намуданд.

Дар анҷоми маҷлис аъзои Раёсат,  мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳия- Мирзоева Шарофат баромад карда, кори ҳизбиёнро вобаста ба пеш бурдани сиёсати идеологӣ дар маҳал, таблиғу ташвиқи фарҳанги миллии тоҷикӣ ва доир кардани ташаббусҳои ҳизбӣ дар самти корҳои созандагию бунёдкорӣ муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуда, фаъолияти ҳизбиёнро дар семоҳаи аввал хуб арзёбӣ намуд ва  дар фаъолияти минбаъдаи ҳизбиён барору комёбиҳо таманно намуд.