ЗАМИНРО ОҚИЛОНА ИСТИФОДА БОЯД КАРД!

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Сокинони ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Левакант, дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ҷиҳати оқилонаю самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замини кишоварзӣ сармашқи кори худ намуда, заминҳои наздиҳавлигии худро самаранок истифода бурда аз як қитъаи замин ҳосили хуб ба даст меоранд.

Зимни сӯҳбати масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант, Каниева Низора бо сокинон маълум гардид, ки имсол дар заминҳои наздиҳавлиги  пиёз, картошка, ва дигар полезиҳо  кишт карда шудааст.

Сокинон кушиш менамоянд, ки замини дар ихтиёр доштаашонро самаранок истифода бурда, дар кишти такрорӣ сабзӣ дигар сабзавотҳои  тирамоҳро кишт намоянд.