“РӮЗИ ЁДОВАРӢ” ВА Ё ЭҲТИРОМИ ХЕШ БА ГУЗАШТАГОН

КИВ: Андеша  

 

 

                                                          Барои зиндагон бояд бигуям,

                                                                       Ки кабристон барои мурдагон нест.

                                                                    Ки кабристон барои зиндагон аст,

                                                      Ки то донанд фардо кадрашон чист?.

Лоиқ Шералӣ.

 

 Аз соли 2021 сар карда ин ҷониб бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Нақшаи муштараки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон амалиёти умумивилоятӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони “Рӯзи ёдоварӣ роҳандозӣ гардида истодааст. Бояд қайд кард, ки зимни баргузории ин чорабинии муҳим натанҳо тоза намудани оромгоҳҳо аз хасу хошоки зиёдатӣ, ба тартиб даровардани шоху панҷаҳои зиёдатии дарахтон, тоза ва дуруст намудани роҳравҳо ва ҷуйборҳои дохил ва атрофи оромгоҳҳо, девор ва ё симтур намудани атрофи қабристонҳо мебошад, балки ба танзим дарории корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ё эҳёи анъанаи тоза намудани оромгоҳҳо, ҳамчун дарси ибрат барои насли наврасу ҷавонон дар эҳтиром гузоштан ба гузаштагони худ мебошад, дар ин росто мо метавонем оромгоҳҳои маҳаллаву деҳотҳоро сарсабзу озода нигоҳ дорем.

Дар асоси Нақшаи муштарак ҳашарҳои дастаҷамъона ҳар рӯзи шанбеи охири моҳ доир карда мешавад. Иштироки сохторҳои масъул намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ, Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, имомхатибон, раисон ва сокинони деҳаю маҳаллаҳо дар тоза намудани оромгоҳҳо бевосита мебошад.

Дар ростои амалӣ намудани Нақшаи муштараки амалиёти умумивилоятӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони Рӯзи ёдоварӣ ба роҳ монда шуда, зимни ҳашарҳои дастаҷамъона корҳои созандагию бунёдкорӣ аз қабили тоза намудани алаф ва растаниҳои худрӯй, шоху панҷаҳои зиёдатии дарахтон, шинонидани ниҳолҳои сояафкан, сангфарш намудани роҳҳои дохил ва атроф, бо девор (симтур) маҳкам намудани атрофи оромгоҳҳо роҳандозӣ мегардад.

Аз ин хотир, иштироки фаъолонаи сокинони вилояти Хатлонро дар тоза намудани дохил ва атрофи Оромгоҳҳо ба дар ҳар рӯзи шанбеи охири моҳ даъват менамоям. Мо бояд донем, ки ширкат кардан ва даъвати дӯстон ҷиҳати иштирок дар ин чорабинӣ боиси эҳтиром ба гузаштагони хеш ва тозагию озодагии ин мавзеъи муқаддас мебошад.

 

Саидшо Асрориён, Мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон