Баргузории маҷлиси Кумитаи иҷроия.

Ш.Шоҳин:  

Дар таърихи 29-уми апрели соли равон дар толори бахши ҳифзи муҳити зисти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маҷлиси ҷамъбасти семоҳаи Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб баргузор гардид.

Дар кори маҷлис инчунин намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия муовини раиси ноҳия Ҷумъазода Шифо иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар  маҷлиси имрӯза 4 масъала пешниҳод ва барррасӣ гардид.

   

    1.Натиҷагирӣ аз фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТдар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин.

    2.Ҷараёни амалисозии Нақша чорабиниҳо оид ба таҷлили 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон.

    3.Баррасӣ ва тасдиқи карорҳои ташкилотҳои ибтидоӣ оид ба  қабул, хориҷ ва боздошти аъзои ҳизб.

     4. Масъалаҳои ҷорӣ.

    

Аз рӯи масъалаи аввали рӯзнома Неъматов Абдуҷаббор- муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  ба сухан баромада доир ба фаъолияти семоҳаи аввали Кумитаи иҷроия дар назди Раёсат ҳисобот пешниҳод намуданд.

Баъдан тибқи тартиби пешбурди маҷлиси Кумитаи иҷроия масъалаҳои баррасигардида ба овоз монда шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

 

         Суратгузориш аз ҷараёни баргузории маҷлис: