100-БАҲОРИ НАКҲАТАФЗОИ ДУШАНБЕ МУБОРАК!

Балҷувон:  

 Аҷаб шаҳри дилороӣ, Душанбе,
Хаёлам, зеби дунёӣ, Душанбе.
Шудам сарсабз дар оғӯши меҳрат,
Чу дил дар синаам ҷойӣ, Душанбе.

Ба гирдат ҳалқа баста кӯҳсорон,
Туро гардида ҳомию нигаҳбон.
Ҳамеша то ки бошӣ сабзу хуррам,
Зи дил ҷорӣ намуда чашмасорон.

Аҷаб шаҳри дилороӣ, Душанбе,
Хаёлам, зеби дунёӣ, Душанбе.

Бароҳат дар канорат менишинам,
Зи чойи «Роҳат»-ат роҳат бубинам,
Зи рангу рӯйи дилбарҳои шӯхат
Гаҳе садбаргу гоҳе лола чинам.

Аҷаб шаҳри дилороӣ, Душанбе,
Хаёлам, зеби дунёӣ, Душанбе.

Саҳаргоҳон, ки хуршеди мунаввар
Зи рӯйи Боми дунё мекашад сар.
Чунон, ки бар сари зебо арӯсе,
Бипошад бар сари ту зевару зар.

Аҷаб шаҳри дилороӣ, Душанбе,
Хаёлам, зеби дунёӣ, Душанбе.

Ба шаб рӯйи фазоят мисли шир аст,
Ба рӯят қурси маҳ гӯё фатир аст.
Ғазалхон Боқии дилдода гӯяд:
Шабу рӯзат мусаффо, беназир аст.

Аҷаб шаҳри дилороӣ, Душанбе,
    Хаёлам, зеби дунёӣ, Душанбе.   

                                                                                  Боқӣ Раҳимзода