Бартараф намудани ҷойи нишаст.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Восеъ бо мақсади муҳайё намудани шароити хуби таҳсил таъмири таҷҳизотҳои муассисаҳои таълимӣ бо маром идома дорад. Мактаб боргоҳи илму дониш аст. Дар ҳолати хуб нигоҳ доштан ва саҳм гузоштан дар ободиву зебогӣ мактаб амали хайр ва вазифаи муҳим ба ҳисоб меравад.Бо истифода аз имконот маъмурияти муассисаи таълимии №53-и ноҳияи Восеъ тасмим гирифтаанд, ки бо шаклҳои худсохт сохтани мизу курсиҳоро дар муассиса ба роҳ монда бо ин васила мушкилоти ҷойи нишаст ва аз байн бурдани мизу курсиҳои куҳнаю фарсударо бартараф намоянд. Ин амалиёт минбаъд дар муассисаҳои таълимии ноҳия роҳандози хоҳад шуд.