ҶОМЕА,  ҶАВОНОН ВА ТЕРРОРИЗМ

Шаҳритуc: Вокуниш  

         Дар замони муосир, ки илму техника асоси пешрафти ҷомеаанд, ҷавононро зарур аст, ки пойбанди расму оинҳои хурофотӣ нашуда, кӯшиш намоянд, ки ҳамқадами замон бошанд ва аз дастовардҳои илмию техникӣ огоҳ гардида, ҷаҳонбинии худро васеъ намоянд. Дар замони ҳозира маълумотҳои гуногун барои ҷавонон хеле  зиёд ва дастрас буда, онҳо намедонанд, ки кадом қисми ин маълумотҳо бар нафъ ва кадом қисмаш бар зарари онҳост. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам   Эмомалӣ  Раҳмон дар  баромадҳояшон қайд карда буданд:

 «Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд».

         Ҷавонони тоҷик, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қишри ояндасоз ва хазинаи тиллоии миллат дониста шудаанд, хеҷ гоҳ фирефтаи гурӯҳҳои иртиҷоӣ ва нооромкунандаи ҷомеа нахоҳанд шуд.

         Дар ибтидои асри XXI инсоният бо хатари ҷиддие, ки ба бақои одаму олам таҳдид менамояд, рӯбарӯ гаштааст, ки номи он терроризми байналмиллалӣ мебошад.

       Албатта, суханҳое, ки мегӯянд  терроризм падидае аст, ки инсониятро дар тамоми тӯли таърихи мавҷудияташ ҳамроҳӣ намуда омадааст, беасос нест.

       Терроризм - содир намудани амалҳое мебошад, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисман бартараф кардани рақиби сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад.

        Бояд гуфт, ки мақсади аслии терроризм дар аҳолӣ ҳисси ваҳм ва тарсро бедор кардан  ва дар байни ҷомеа нооромиҳоро ба вуҷуд овардан, ҳокимиятро соҳибӣ кардан, арзишҳои динӣ ва афкори анъанавии ҷомеаро рад кардан, бо роҳи фиребу зӯрӣ тарғиб кардани ғояҳои бегона ва ғайра мебошад.  Аммо ҳаминро ҳам гуфтан ҷоиз аст, ки ҳар террорист пеш аз он ки террорист гардад, тундгаро – экстремист мешавад.

        Аз ин рӯ ҷавонони моро зарур аст, ки ҳамеша ҳушёру зирак бошанду  ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундрав пайваст нашаванду балки тамоми нерӯи худро, барои ободии Ватани азизамон Тоҷикистон равона намоянд.

Замонов А. - Мудири бахши омор ва маҳзани ягонаи электронии КИ ҲХДТ дар н.Шаҳритус