ҶАВОНОН ЗАХИРАИ ТИЛЛОИИ КИШВАРАНД!

Шаҳритуc: Вокуниш  

Дар замони муосир ба амнияти миллии ҳамаи давлатҳо аз ҳама бештар терроризми компютерӣ ва телефонҳои мобилӣ, ки ба шабакаи доимии «Интернет» пайваст мебошанд  ба сиёсату сохтори давлат  ба сохторҳои бонкӣ, нақлиёт ва энергетика, инчунин ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои хусусии кишварҳо таҳдиди ҷиддӣ расонида истодаанд. Дар ҳолати ҳозира, шабакаи Интернетӣ тамоми давлатҳои дунёро фаро гирифтааст. Бо истифодаи технологияҳои муосир ба монанди таҷҳизоти компютерӣ ва телефонҳои мобилӣ метавонад аз ҳама гӯшаҳои саёраи замин ба Интернет пайваст шуд.

Аъзоёни ташкилотҳои террористиву экстремистӣ маҳз тариқи компютер ва телефони мобилӣ  дар расонаҳои иҷтимоӣ ба монанди «Одноклассики», «Facebook», «Мессенҷер», «Вконтакте», «Твиттер», «Ватсап», «Имо», «Вайбер» ва ғайраҳо, инчунин таъсиси сомонаҳои ба худ хос, ки блогерони онҳо таъсис додаанд, ақидаҳои ифротангез ва нопоки худро баён намуда ба ин восита ҷавонони сусирода ва зудбоварро ба доми фиреби худ мекашанд.

Ҷавонон ва наврасон асло ба гуфтаҳои аъзоёни ташкилолҳои террористиву экстремистӣ ва гурӯҳҳои тундрав ва ҷудоихоҳу фитнаангезу нопоке, ки зидди сиёсат ва миллати соҳибтамаддуни тоҷик муборизаи номардона мебаранд, дода нашаванд. Ҳангоми тамошои наворҳо ё нигоришҳо дар интернет  ба монанди «YouTube» ва дигар сомонаҳои интернетӣ фирефтаи ақидаҳои нопоки онҳо нагарданд.

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёмашон таъкид намудаанд:

«Ҷавонони азиз! Ояндаи Тоҷикистон дар дасти Шумост, биёед ба ҷаҳониён исбот намоед, ки миллати тоҷик-миллати сулҳпарвару меҳанпараст мебошад ва кӯшиш намоед, ки истиқлолияти миллати худро то абад ҷовидон нигоҳ доред ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳед».

Ба дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат наврасону ҷавонон, масъулияти тақдири давлату миллатро бар дӯши худ гирифта, халқамонро ҳамеша дар муттаҳидӣ, бо бунёдкориву созандагӣ раҳнамо созанд, истиқлолият ва тинҷию амонии кишвари азизамонро чун гавҳараки чашм нигоҳ доранд.

Ҳамрозода К. - муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус