МУЛОҚОТҲО БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА” ҶИҲАТИ САМАРАНОК ИСТИФОДА НАМУДАНИ ЗАМИН

Кушониён:  

Санаи 16-уми апрели соли 2024 кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар кӯчаву маҳалаҳои ҷамоати шаҳраки И.Сомонӣ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ ва рӯёнидани ҳосили такрорӣ, ҷалби ҷавонон ба Қувваҳои Муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирӣ ҷавонон аз ҳаргуна гурӯҳҳои ифротӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ корҳои фаҳмондадиҳиро бо усули хона ба хона роҳандозӣ намуданд.

Бояд қаид намуд, ки сокинони ноҳияи Кӯшониён дар табиқи дастуру ҳидоятҳои Певои миллат ҷиҳати таъмини амнияти озуқавории кишвар ва бармаҳал ба иҷро раонидани нақшаи даъвати баҳорӣ саҳми сазовор мегузоранд.